ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ИЗҲОРОТИ РАСМИИ ДУШАНБЕ ДАР БОРАИ ТАЪҚИБИ ТОҶИКҲО ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябри соли 2022 дар як изҳороти вижа дар бораи дар рӯзҳои охир  дар қаламрави Қирғизистон афзоиш ёфтани мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон изҳори нигаронии амиқ кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки аз ҷумла рӯзи 14 сентябр мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон мағозаҳои тоҷикони сокини ин ноҳияро бастанд ва шаҳрвандони қирғизи аз манотиқи марзӣ кӯчондашударо ҳадафмандона дар хонаҳои тоҷикони сокини ноҳияи Қадамҷой ҷой мекарданд.

Рӯзи 18 сентябр кормандони КДАМ ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои аҳли оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон Неъматовҳоро бо мақсади депортатсияи маҷбурии минбаъдаи онҳо мусодира кардаанд.

18 сентябр афроди ношинос шишаҳои мошини шаҳрванди Тоҷикистон А.Ҳамдамовро дар шаҳри Бишкек шикаста, танаи мошинашро пур аз ранг кардаанд.

Ҳамчунин 18 сентябр хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ  Насибахон Давронбековаро, ки аслаш тоҷик аст, дар заминаи бадбинии миллӣ латтукӯб кардаанд.

Рӯзи 19 сентябр шаҳрванди Тоҷикистон А.М.Алиевро бе фаҳмондани сабабш ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек овардаанд. Дар ҷараёни бозҷӯӣ, ки 9 соат давом кард, ӯро латтукӯб кардаанд. Алиевро танҳо баъди аз вай гирифтани 15 ҳазор сом (қариб 200 доллар) ҷавоб додаанд, вале шиносномаи модараш дар дасти милисаҳо боқӣ мондааст.

Вазорат гуфт, ҳамчунин 19 сентябр, 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъди бозпурсӣ бо истифодаи шеваи фишори равонӣ кормандони КДАМ ин кишвар аз Қирғизистон ихроҷ кардаанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, иттилое вуҷуд дорад, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ  аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки Душанбе ин сиёсати таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то бароироҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил бияндешад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button