ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ГЕНЕРАЛ ХОЛБАШ ХОЛБАШЕВ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУДААСТ

Сармушовири фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, генерал-майор Холбаш Холбашев ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст. Дар ин бора рӯзи 22 сентябри соли 2022 журналист Aнора Саркорова, ки рӯйдодҳои марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба маълумоти ӯ, ҳамроҳ бо Холбашев боз ҳудуди 70 нафари дигар, ки дар парвандаи машҳур ба “парвандаи рӯшониҳо” мегузаштанд, ба муҳлати аз 1,5 то 18 сол маҳкум ба маҳбас шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун расман пиромуни мурофиаи додгоҳии Холбашев ва “парвандаи рӯшониҳо” ягон иттилоъ надодаанд. Вале Анора Саркорова менависад, Холбаш Холбашевро алакай аз боздоштгоҳи КДАМ дар маркази Душанбе ба ҷои дигар бурдаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки ӯ ҳукми худро дар куҷо адо хоҳад кард?  Афроди маҳкум ба ҳабси умрбодро дар Тоҷикистон маъмулан дар як бахши махсус дар канори боздоштгоҳи №1 ва боздоштгоҳи КДАМ дар маркази Душанбе нигоҳ медоранд.

Маълум нест, ки оё додгоҳ Холбашевро аз рутбаи генералӣ ва мукофоту ҷоизаҳои давлатиаш ҳам маҳрум кардааст ё на? Ин ҳам маълум нест, ки оё ҳамсари собиқи ӯ Улфатхонум Мамадшоева, журналист ва ҳомии ҳуқуқи инсон ва роҳбари созмони ғайридавлатии “Қонун ва номус”, ки бо Холбашев дар як рӯз: 18 майи соли ҷорӣ боздошт шуда буд, чӣ ҳукм гирифтааст? Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Холбашев ҳабси умрбод ва барои Мамадшоева 25 соли зиндон талаб карда буд.

Мурофиаи генерал Холбаш Холбашев ва айбдоршавандагони дигар аз “парвандаи рӯшониҳо”, ки шуморашон аз 70 то 100 нафар гуфта мешавад, дар боздоштгоҳи Душанбе рӯзи 3 август оғоз ёфт. Мурофиа пушти дарҳои баста гузашт ва касе аз наздикони айбдоршавандагонро ба толор роҳ надоданд.

Холбаш Холбашев бар асоси 11 моддати Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор мешуд. Ӯву Улфатхоним Мамадшоева асосан ба дарёфти пул аз хориҷа барои ташкили эътирозҳо дар ноҳияи Рӯшон айбдор мешуданд. Баъди боздошташон Холбашев ва Мамадшоева ин иттиҳомро ба дӯш гирифтанд, вале  дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, аз баёноти қаблии худ даст кашида, гуфтаанд, ки таҳти фишор маҷбур ба эътирофи гуноҳ шуда, ба худу дигарон туҳмат задаанд.

Рӯзи 24 май дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Дар он филм аз ҷумла гуфта мешуд, ки гӯё Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи БадахшонЭ ки дар Аврупо ба сар мебарад, барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ба Боқир 7 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон ба Холбаш 6 ҳазор доллар фиристодааст. Дар чӣ шароите ин иттиҳомро ба дӯш гирифтани Мамадшоева ва Холбашев маълум нест, вале Шерзамонов ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад.

Холбашев дар филми “Шикасти фитна” гуфт, ин эътирофҳоро ӯ бо ихтиёри худаш ба забон овардааст. Ӯ худро ҳатто ташкилкунандаи тамоми эътирозҳои солҳои охир дар Рӯшон номид.

Ин дар ҳолест, ки Холбашев ба фарқ аз дигар фармондеҳони собиқи мухолифин баъди пайвастанаш ба нирӯҳои ҳукуматӣ ва таъйин шуданаш ба мақоми фармондеҳи қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ аз ҳар навъ мухолифат бо ҳукумат канораҷӯӣ мекард ва ба эътирозҳое, ки тайи 10 соли охир дар Бадахшон мегузашт, ҳамроҳ намешуд.

Холбаш Холбашев 57 сол дошта, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз фармондеҳони аз ҳама пурнуфузи нирӯҳои худдифои Бадахшон дониста мешуд. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1007 Холбаш Холбашев бо нирӯҳояш ба ҳайъати нирӯҳои давлатӣ пайваст ва фармондеҳи як қисми низомии марзбонӣ дар Бадахшон таъйин шуд. Ӯ соли 2013 унвони генерал-майорро ба даст овард ва чанд соли охир сармушовири фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон буд.

Холбашев рӯзи 18 майи соли 2022, дар марзи Исфара вақте дастгир шуд, ки бо як сафари хидматӣ  дар ҷамоати Ворух қарор дошт. Ӯро аз Ворух пас фаро хонданд ва баробари аз марз ворид шуданаш ба дасташ завлона зада, ба Душанбе оварданд.

Холбаш Холбашев яке аз охирин фармондеҳони собиқи мухолифин буд, ки то ҳол дар саффи Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button