ВидеоИлму фанноварӣ

ДАСТУРИ ВАЗИРИ МАОРИФ: ТО ПОЁНИ СОЛИ 2022 ҲАР ОМӮЗГОРУ ХОНАНДА БОЯД ҲАТМАН 400 КАЛИМАРО БА РУСӢ ВА АНГЛИСӢ АЗЁД КУНАД!

Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки бар асоси фармоиши вазири маориф ва илм аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст. Муҳлати омӯзиш ва азёд кардани ин луғати иборат аз 400 калимаи аз ҳама серистифодаи ин забонҳо то 31 декабри соли 2022, яъне то поёни соли ҷорӣ муқаррар карда шудааст.

Вазорат мегӯяд, дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд.

Ин ниҳод ёдовар шудааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳояш доим омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур медонад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 30 августи соли 2019, таҳти №438 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”ро қабул карда буд, ки дар он он масъалаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ таъкид шуда буд.

Вазорати маориф ва илм гуфт, ба ин далел дастури раҳнамои “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро омода кардааст ва донистани ин 400 вожаро барои тамоми омўзгорону хонандагон ва донишҷӯён ҳатмӣ эълон мекунад. Гуфта мешавад, ин луғат 400 вожаи серистеъмолеро дар бар гирифтааст, ки онҳо дар зиндагии рӯзмарра бо забони модарӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд ва маънои онҳо маълуму фаҳмо аст.

“Ҳамзамон, донистани ин калимаҳо маҳорату малакаи забономӯзиро ташаккул дода, зимни азёд кардани вожаҳо шавқу рағбат барои донистани забонҳои русию англисӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Яъне луғати мазкур чун як раҳнамо хидмат хоҳад кард”, гуфта мешавад дар пешсухани вазорати маориф ба  ин дастур.

Шакли электронии ин луғат дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сомонаҳои муассисаҳои зерсохтори он ҷо карда шудааст.

ЛУҒАТИ ВОЖАҲОИ СЕРИСТЕЪМОЛИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button