ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

45 МОШИН КОРВОНИ КУМАКҲО БА АҲОЛИИ ЗАРАРДИДА АЗ НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (13 АКС)

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд рӯзи 22 сентябри соли 2022 бо нашри 13 акс хабар дод, ки як корвони иборат аз 45 мошини пур аз кумакҳои моддӣ аз номи президенти Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардидаи вилояти Суғд  ба роҳ баромадааст.

Дар ин аксҳо мошинҳои боркаш бо акси президент Эмомалӣ Раҳмон дар шишаҳои пешашон дида мешаванд, ки онҳоро дар роҳ мошини БДА ҳамроҳӣ мекунад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии ҳукумати Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардида, алакай ин корвон ба шаҳри Исфара расидааст.

Гуфта мешавад, ин ёриҳои башардӯстона аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, ин кумакҳо асосан ба оилаҳо дар ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим гардида, ба таъкиди манбаи ин хабар “нишондиҳандаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад”э

Мақомоти вилояти Суғд барои саривақт ба мардум расондани ин кумакҳои моддӣ дастур гирифтаанд.

Ирсоли ин ёриҳо дар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст, ки аз ҳарду тараф беш аз 100 кушта ба ҷо гузошт.  Тоҷикистон расман кушта шудани 41 нафарро ва Қирғизистон ҳалокати 59 нафарро тасдиқ кардаанд. Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд. Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо беш аз 100 қурбониаш хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button