ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН ҚИРҒИЗИСТОНРО БА ИДОМАИ ИҒВОГАРИҲО ДАР МАРЗ АЙБДОР КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21 сентябри соли 2022 дар як изҳороти вижа ҷониби Қирғизистонро ба поймол кардани тавофуқоти ахир ва идомаи амалҳои иғвоангез дар марзи ду кишвар айбдор кард. Дар изҳорот ҷониби Қирғизистон аз ҷумла ба нигоҳ доштани нирӯҳои вижа ва техникаи вазнини ҳарбӣ дар хатти марз  ва ҳолатҳои пайдарпаи нақзи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишинаш гунаҳкор мекунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “бо вуҷуди аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расидани протокол дар бораи ба низом даровардани вазъият дар марз ҷониби Тоҷикистон якчанд амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистонро сабт кардааст, ки ташаннуҷ дар сарҳадро афзоиш медиҳанд”. Бино ба ин манбаъ, “ҷониби Қирғизистон ҳолати аз хатти даргириҳо берун баровардани қӯшунҳо ва техникаи вазнини низомиашро бардурӯғ вонамуд карда, онҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишини наздимарзии ноҳияҳои Лайлак ва Ҷонолойи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад”.

Аз ҷумла, рӯзи 18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи марзии «Сарҳадчӣ» дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон таҷҳизоти вазнини низомии пинҳоннамудаи иборат аз чаҳор воҳид – БТР, БМП, БРДМ и шабакаҳои зенитии 22миллиметраи-и Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ба мушоҳида расида, рӯзи 19 сентябр дар наздикии нуқтаи аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон макони ҷойгиршавии техникаи низомии пинҳоннамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон дар ҳаҷми 12 адад ошкор гардид.

Ҳамин тавр, гуфта мешавад дар изҳороти вазорати хориҷаи ҶТ, рӯзи 19 сентябр дар фосилаи начандон дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 «Нуробод»-и ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои вижаи Қирғизистон бо теъдоди 70 нафари мусаллаҳ муайян карда шуд.

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки “ҷониби Тоҷикистон сабти мавридҳои зиёди нақзи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Қирғизистон идома медиҳад”. Аз ҷумла, 19-20 сентябр парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ​​ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, посгоҳҳои сарҳадии «Сарҳадчӣ» ва «Ширинчашма»-и ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк»-и ноҳияи Деваштич, инчунин дар болои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар поёни изҳороташ гуфт: “Тоҷикистон бори дигар ҷониби Қирғизистонро даъват мекунад, ки санадҳои имзошуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзиро қатъиян иҷро кунад. Дар акси ҳол ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ хоҳад кард. Масъулияти оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона бар дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд”.

Ин изҳороти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст, ки беш аз 100 кушта ба ҷо гузошт.  Тоҷикистон расман кушта шудани 41 нафарро ва Қирғизистон ҳалокати 59 нафарро тасдиқ кардаанд. Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд. Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо беш аз 100 қурбониаш хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button