ВидеоМуҳоҷирон

ШОДӢ ДОШТАНД, КИ АЛАКАЙ ДАР АВРУПОЕМ… БОЗДОШТИ 4 ТОҶИК ДАР САРҲАДИ ПОЛША (ВИДЕО+6 АКС)

Чор шаҳрванди Тоҷикистон баъди убури марзи вилояти Калинингради Русия ва Полша (Лаҳистон) ба даст афтодаанд. Онҳо рӯзи 18 сентябри соли 2022 аз марз гузашта, дар даруни қаламрави Русия бо истифода аз гази қаланфур изи пои худро аз байн мебурданд, ки бо сагҳои бӯгир таъқибашон накунанд. Рӯзи 19 сентябр, баъди як рӯзи убури марз, вақте онҳо шодӣ доштанд, ки алакай ба Аврупо расидем, марзбонони Полша билохира онҳоро пайдо ва дастгир карданд. Ин 4 нафар, ки аз 30 то 39 сол доштаанд, иқрор кардаанд, ки бо ҳавопаймо то Калининград омада, аз онҷо то наздикии марз худро бо такси расондаанд ва сипас пои пиёда марзи Полшаро гузаштаанд. Зодагони Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳадафи ниҳоияшон Олмон буд.

Шаҳрвандони Тоҷикистонро ба вайрон кардани хатти марзи давлатии Полша айбдор карда, ба 6 соли шартии зиндон маҳкум кардаанд ва ҳар кадомро бар илова 1000 злотих (чизе бештар аз 200 доллар) ҷарима баста, ҳамаашонро алакай рӯзи 20 сентябр ба ҷониби Русия супурдаанд.

Шуъбаи Вармину Мазури Хадамоти марзбонии Полша дар бораи ин қазияи убури ғайриқонунии марз рӯзи 21 сентябр хабар дод. Бино ба ин манбаъ, марзбонони дидбонгоҳи Гурово Илаветски рӯзи 18 сентябр аз марзбонони Русия дар бораи аз марзи вилояти Калининград бо Полша гузаштани 4 мард иттилоъ гирифтанд, вале таъқибу ҷустуҷӯи ин сарҳадшиканон як шабонарӯз тӯл кашидааст. Марзбонон дар хатти шудгоршудаи марз изҳои зиёди пойҳоро мушоҳида кардааст. Криминалисти даъватшуда 16 изи пой бо айни андоза ва айни пойафзолро сабт кардааст.

Рӯзи 19 сентябр бар асоси иттилои як сокини Гурово Илаветски марзшиканонро билохира дастгир карданд. Маълум шуд, ки онҳо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буда, синнашон аз 30 то 39 аст.

Яке аз онҳо бо худ шиноснома ва якеи дигар ҳуҷҷати ронандагӣ дошт ва дуи дигар ягон санад надоштанд. Онҳо иқрор кардаанд, ки аввал бо ҳавопаймо ба Калининград омада, дар ин ҷо барои расидан то наздикии марз такси киро кардаанд. Қисмати охирини роҳи сафарашон то қаламрави Полшаро ин 4 нафар пои пиёда тай кардаанд. Онҳо чанд сар либос ва ҳама пойафзоли якхела доштаанд ва ба ҳамин далел дар хатти шудгоршудаи марз изи пойҳои якхела мушоҳида шуда буд.

Баъди убури марз, онҳо либоси худро иваз карда, тавре аз аксҳояшон бармеояд, алакай ба қаламрави Аврупо ворид шудани худро ҷашн ҳам гирифтанд. Шаҳрвандони тоҷик гуфтаанд, барои кӯр кардани изи пой онҳо аз гази қаланфур истифода мебурданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон қабул карданд, ки онро бо ҷурми шикастани марзи Полша ҳар кадомро ба 6 моҳи зиндони шартӣ бо 3 соли озмоиш маҳкум кунанд. Мақомоти Полша онҳоро ҳамчунин ҳар кадомашро 1000 злотих ҷарима баста, сипас, рӯзи 20 сентябр ба ҷониби Русия супурдаанд.

Полша, к ибо чанд кишвари Шӯравии собиқ, аз ҷумла бо вилояти Калинингради Русия марзи мустақим дорад, ба як масири умдаи интиқоли паноҳҷӯён аз собиқ СССР, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ба кишварҳои Аврупо табдил ёфтааст. Бисёре аз ин паноҳҷӯён аз қаламрави Полша барои расидан ба кишварҳои ободтари Аврупо, асосан Олмон истифода мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button