ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ПУЛИ ХОНАРО ГИРИФТУ ХОНА НАДОД…ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ЯК ҚАЛЛОБӢ ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 сентябри соли 2022 аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши манзилҳои истиқоматӣ дар пойтахт хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 34-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 225 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Душанбе манзили истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=64 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5,5 доллар) ва ё аз 5 то  8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст ва ВКД Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз дар бораи ошкор шудани мавридҳои навбанави қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандон хабар медиҳад. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли гузашта 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд. Даҳҳо мавридҳои қаллобӣ марбут ба харидуфурӯши манзилҳои истиқоматӣ ва асосан дар пойтахти Тоҷикистон мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button