ВарзишВидео

НУРУЛЛО АЛИЕВ (“ДУГОНИКИ ҲАБИБ”) НАХУСТИН ТОҶИКИСТОНӢ ВА ДУЮМИН ТОҶИК ДАР UFC ШУД!

Ду ғолиби мусобиқаоти Dana White’s Contender Series Раул Росас аз Амрико (6-0)  ва Нурулло Алиев (7-0) аз Тоҷикистон бо UFC, яке аз муътабартарин промоушенҳои ҷаҳонии варзиши ММА қарордод бастанд.

Шоми 20 сентябри соли 2022 размандаи 22-солаи тоҷик Нурулло Алиев  дар вазни сабук алакай 24 сония қабл аз анҷоми даври аввали рақобат рақиби 27-солааш аз Амрико Ҷош Уикро бо нокаути фаннӣ шикаст дод. Алиев ба ин тартиб нахустин разманда аз Тоҷикистон аст, ки бо UFC қарордод баст. Вале Нурулло дар умум дуюмин тоҷик дар ин промоушен аст. Аввалин шуда бо UFC тоҷики зодаи Самарқанд Заррух Адашев қарордод имзо карда буд.

Ба навбати худ Раул Росаси 17-сола ҷавонтарин разманда дар таърихи UFC шуд. Шаби 20 сентябр ӯ Мандро Гутерреси 25-соларо бо қарори якдилонаи доварон шикаст дод. То кунун ҷавонтарин размандаи UFC Чейз Ҳупер буд, ки бори нахуст соли 2019 дар синни 19 дар мусобиқоти UFC иштирок карда буд.

“Вестник ММА” хабар дод, ки Нурулло Алиев баъди пирӯзиаш алакай бо роҳбари UFC Дана Уайт суҳбат карда, изҳор доштааст, ки омода ҳаст, алакай баъди як ҳафта дар UFC ҳунарнамоӣ кунад.

Баъди даст ёфтан бар пирӯзӣ, Нурулло Алиев дар нишасти хабариаш гуфт, тамоми Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳо пирӯзии ӯро ҷашн гирифта истодааст.

 “Худро хеле хуб ҳис мекунам. Мисле ки ин ҳама дар хоб бошад. Наметавонам эҳсосотамро бо сухан баён кунам.  Мардуми ман ду рӯз боз хоб нест. Ҳама мунтазир буданд: аз тифлони хурдсол то пирони солдида, бобоҳову бибиҳшо. Ду рӯз боз касе хоб нест. Ҳоло дар ватани ман соат ҳафти субҳ аст. Ҳама ба кӯча баромадаанд ва пирӯзии маро ҷашн мегиранд. Ман мехоҳам Ватани худро шуҳратёр кунам, бинзор ҳама Тоҷикистонро донинад. Мо размандагони хуб зиёл дорем. Фикр мекунам, баъди он ки ман бо UFC қарордод бастаму роҳро кушодам, акнун тоҷикҳои зиёде ба UFC роҳ меёбанд. Ман ба ин умед дорам”, — гуфт Нурулло Алиев дар нишасти хабариаш дар UFC.

Алиев Нурулло Хайруллоевич соли 2000 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, паҳлавонест, ки то ҳол пушташ заминро надидааст. Ӯ аз соли 2018 дар мусобиқоти ММА майдондорӣ мекунад ва 7 бор ба майдон баромада, дар ҳамаи 7 рақобаташ пирӯз шудааст. Нурудлло Алиев дар Маскав дар толори Evolve Gym машқ мекунад. Вале тамринҳояш аз гуштини тарзи озодро дар шаҳри Хасавюрти ҷумҳурии Доғистони Русия таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳесейнов анҷом медиҳад.

Се рақобати охири худро Нурулло Алиев дар вазни нимасабук гузаронд, вале пеш аз рақобат бо Ҷош Уик тавонист вазни худро ба талаботи Дана Уайт нисбат ба вазни сабук мувофиқ кунад.

Рақобати охирини Нурулло Алиев моҳи сентябри соли 2021 сурат гирифта буд. Он вақт ӯ ва размандаи дигар аз Тоҷикистон Самандар Муродов дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд.

Баъди бозгашт ба Ватан Нуруллову Самандарро дар Тоҷикистон фавҷи мухлисон бо тантана, бо карнаю сӯрнай пешвоз гирифтаанд ва аз номи соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба ҳар кадоми онҳо як мошини “Мерседес” туҳфа карданд.

Худи Нурулло Алиев нақл мекунад, ки ба сабаби шабоҳати зиёди қиёфааш бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов бисёр вақт ӯро Ҳабиб гумон мекунанд ва ҳатто чандин бор ба пешаш омада, соядаст ҳам дархост мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button