ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ИНТИҚОЛИ 3 ҲАЗОР РУБЛ БА ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ДАР СУРИЯ

Додгоҳи ҳарбии Русия рӯзи 20 сентябри соли 2022 дар пайи баррасии шикояти зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Нидоевич Ҳалимхонов 9 сол ҳукми зиндони ӯро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон  рӯзи 29 июни соли 2022 ин ҷавони 22-солаи тоҷикро бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба 9 соли зиндон маҳкум карда буд.

Ҳалимхонов, ки худро бегуноҳ мешумурд, аз ин ҳукм шикоят бурд, вале муваффақ нашуд.

Худи ин ҷавони тоҷик барои шарҳи қазия дастрас нест, вале раёсати ФСБ вилояти Волгоград мегӯяд, дар рафти тафтиш ва баррасии додгоҳӣ муайян карда шуд, ки Файзалӣ Ҳалимхонов ба як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Сурия қарор дошт ва узви созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) буд, пул фиристодааст.

Дар додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия  гуфтанд, ки Ҳалимхонов аз Волгоград тавассути телефони мобил ба як ҳисоби бонкие, ки рақамашро ба вай як узви ДОИШ дода буд, 3 ҳазор рубл (наздики 50 доллар) пул гузарондааст.

Бо тасдиқи ҳукмаш аз сӯи додгоҳи таҷдиди назар, 9 сол ҳукми зиндони Файзалӣ Ҳалимхонов ба иҷро даромад. 3 соли аввали ҳукмашро ӯ бояд дар маҳбаси пӯшида адо кунад.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар умум беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, бархеаш ҳатто бо занону кӯдакони худ, ба қавле “хонахез” ба Сурияву Ироқ, ду кишвари ҷангзадаи  Ховари Миёна рафтаанд ва ба саффи созмонҳои террористие, чун ДОИШ пайвастаанд. Машҳуртарини онҳо полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон буд, ки дар Ховари Миёна то ба мақоми “вазири ҷанг” дар ба ном “ҳукумати ДОИШ” расид.

 Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, беш аз 500 нафар аз ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ кушта шуда, ҳоло 500 зану кӯдаки онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар боздошт қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон як қисми кӯдакони тоҷикро аз Ховари Миёна оварданд ва ҳоло талош доранд, то  занону кӯдакони тоҷики боқимондаро ҳам ба Ватан баргардонанд.

Дар Душанбе бар ин назаранд, ки аксари ин ҷангҷӯёни тоҷик маҳз дар давраи дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ афтодаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои мақомоти амниятии Русия дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button