ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН 4 АСИРРО БА ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН СУПУРД (5 АКС)

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 19 сентябри соли 2022 ҷониби Тоҷиктстон аз рӯи принсипи башардӯстона 4 низомии дастгиршудаи қирғизро ба Ҷумҳурии Қирғизистон супоридаааст.

Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки тибқи созиши бадастомада байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шоми 19 сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, 4 нафар низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон:

– прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, соли таваллудаш 17.03.1995, сокини ноҳияи Жумгали;
– старшинаи дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Туйчиев Ҷамолиддин Исмаилҷанович, соли таваллудаш 20.12.1984, сокини вилояти Ош, ноҳияи Аравон;
– ефрейтори қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асылбек уулу Рустамбек, соли таваллудаш, 28.02.2002, сокини ноҳияи Баткен, ҷамоати деҳоти Қизилбек;
– ефрейтори Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон Машраб уулу Нурбек, соли таваллудаш 17.06.2001, сокини ноҳияи Навкат, ҷамоати Қизилтаит,
ки зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуда буданд, аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон супорида шуданд.
ВКД Тоҷикистон афзуд, “бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон бо ёрии тиббӣ, хурду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд”.

Мақомоти Қирғизистон низ аз тарафи Тоҷикистон гардонда додани 4 афсару аскари қирғизро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки вазъи саломатии онҳо хуб буд ва танҳо якеаш дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз ҷароҳат бардошта буд.

Дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи ҳафтаи гузашта (рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф дастикам 100 нафар (59 нафар аз тарафи Қирғизистон ва 41 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуданд. Даҳҳо нафар аз ин қурбониёнро сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Муноқишаи ахир хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.17
WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.19
WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.19_1
WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.23
WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.20

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button