ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ПАРВАНДАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ҲАМ БА ДОДГОҲ МЕРАВАД

Тафтиши парвандаи ҷиноятии журналист ва блогери ҷавони тоҷик Далер Бобиев, ки бо тахаллуси Далери Имомалӣ маъруф буд, ба анҷом расида, ба ӯ айбномаи ниҳоӣ эълон кардаанд ва парвандааш рӯзҳои наздик ба дасти додгоҳи супурда мешавад. Дар ин бора Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи башар рӯзи 20 сентябри сол и 2022 хабар дод.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки ин созмон барои ҳимояти ҳуқуқи Далери Имомалӣ ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ истихдом карда буд, гуф тааст, ки рӯзи 15 сентябри соли 2022 ӯ ва адвокати дуюми Далери Имомалӣ Саъдулло Қаюмзодаро ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карданд.

“Ба мо эълон карданд, ки тафтиши пешакии парвандаи Далер Бобиев ба анҷом расида ва ба ӯ айбномаи ниҳоӣ эълон мешавад. Худи ҳамон рӯз дар ҳузури адвокатҳо дар СИЗО №1 дар шаҳри Душанбе ба Далер Бобиев эълон карданд, ки маблағи даромади аз ҳисоби соҳибкории ғайриқонунии блогерӣ бадастовардааш асос медиҳад, ки аъмоли ӯро ба ҷои қисми якуми моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми ин модда ҷамъу баст кунанд”, –  нақл кардааст адвокат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамон рӯзи 15 сентябр ба Далери Имомалӣ айбдномаи низоӣ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ эълон карда шуд: қисми якуми моддаи 346 (расондани хабари бардурӯғ), қисми дуюми моддаи 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ) ва қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 (ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ). Ҳамон рӯз Далери Имомалиро дар ҳузури адвокатҳо бо маводи парванда шинос кардаанд ва муфаттишони додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба Далери Имомалӣ хабар додаанл, ки баъди таҳия ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ парвандаи ӯ ба додгоҳ ирсол мешавад.

Абдураҳмон Шарипов  афзуд, ки азбаски хешовандони Далери Имомалӣ барои ӯ адвокати пулакӣ киро кардаанл, бо ҳамин Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон ироаи кумаки ҳуқуқии бепул ба ин журналистро ба поён мерасонад ва аз ин рӯ, Абдураҳмон Шарипов дигар ба ҳайси адвокати Далери Имомалӣ дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок нахоҳад кард.

 “Дар ҷараёни мурофиа хидматҳои ҳуқуқиро танҳо адвокате мерасонад, ки хешовандони Далер Бобиев таъмин кардаанд”, – гуфтааст дар анҷом Абдураҳмон Шарипов.

Далери Имомалӣ, ҳунарпеша, журналист ва блогери мустақил, рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи нашри силсилаи видеоҳо дар бораи тахриби хонаҳои мардум дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ба ҳабс гирифта шуд. Худи ҳамон рӯз мақомоти ноҳияи Шоҳмансур бо баҳонаи гӯё ба корманди милиса “зӯроварӣ” нишон доданаш журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки дар таҳияи видеоҳо ба Далери Имомалӣ кумак мерасонд, низ ба ҳабс гирифтанд.

Танҳо баъди беш аз як моҳи ҳабсаш, мақомот хабар доданд, ки Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, нашри хабари дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад.  Иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ дар баробари “зӯроварӣ” ва “таҳқири намояндаи давлат” ба айбномаи ҳамкори Далер Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ афзуда шудааст. “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду созмони оппозитсионии фаъолияташон феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ изҳор доштанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳеҷ кадоми дигар аз журналистҳои ахиран дар Тоҷикистон ҳабсшуда узви онҳо набуданд ва ҳамкорие ҳам надоштанд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо нашри видеоҳо дар мавзӯъҳои доғи Тоҷикистон мухлису тамошобини зиёд пайдо карда буданд. Канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қабл аз ҳабсаш алакай 150 ҳазор обуначӣ гирд оварда буд ва ҳар видеои таҳиякардаи ӯву Ғурбатиро дар ин канал ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ садҳо ҳазор нафар тамошо мекарданд.

Адвокат Шарипов қаблан хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 21 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи пурсарусадои Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз мекунад.

Аз миёнаҳои моҳи май  ба ин тараф мақомоти Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер, аз ҷумла 6 зодаи Бадахшонро ба ҳабс гирифтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва ҳомии озодии матбуот, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Хушом Гулямро озод карда, ба таъқиби журналистон ва кӯшишҳои бо таҳдиду тарсу ба зиндон андохтан бастани даҳони матбуот хотима диҳанд. Душанбе ба ин даъватҳо то ҳол вокунише накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button