ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ ПРОТОКОЛИ СУЛҲРО ИМЗО КАРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд мулоқоти раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар музокирот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва намояндагони сохторҳои низомиву интизомии Қирғизистон иштирок доштанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, дар музокирот таъкид гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.
Аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.
Қамчибек Тошиев ин протоколро созиш дар мавриди истиқрори сулх номид.
Ин музокираҳо дар пайи хушунатҳоест, ки рӯзҳои аз 14 то 17 сентябр дар марзи ду кишвар рух дод. Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар ва Тоҷикистон аз ҳалокати 41 нафар хабар доданд.
Ин даргириҳо аз ҳама хунинтарин дар таърихи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

