ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ДАР ДУШАНБЕ МУРОФИАИ УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВА БАРГУЗОР МЕШАВАД

20 сентябри соли 2022 дар Душанбе мурофиаи Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ ва журналисти зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мешавад. Дар ин бора Pamirdailynews, канале, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Нашрия гуфт, мурофиаи додгоҳии Мамадшоева пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Ҳамроҳи ӯ дар ин парвандаи машҳур ба номи “парвандаи рӯшониҳо” боз ҳудуди 100 нафари дигар, аз ҷумла шавҳари собиқи Мамадшоева  мушовири фармондеҳи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-майор Холбаш  Холбашев низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Мурофиаи онҳо, ки аввали моҳи август оғоз ёфт, дар толори боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе мегузарад.

Моҳи август хабар расида буд, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои генерал Холбаш Холбашев ҳабси умрбод ва барои ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоева 25 соли зиндон талаб кардааст. Онҳо ба дарёфти пул аз хориҷа барои ташкили эътирозҳо дар ноҳияи Рӯшон айбдор мешаванд.

Баъди боздошташон Холбашев ва Мамадшоева ин иттиҳомро ба дӯш гирифтанд, вале дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, аз баёноти қаблии худ даст кашида, гуфтаанд, ки таҳти фишор маҷбур ба эътирофи гуноҳ шуда, ба худу дигарон туҳмат задаанд.

Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Инсоф ва номус” ва устоди собиқи Донишгоҳи славянӣ, ки 65 сол дорад, субҳи 18 май, билофосила баъди оғози амалиёти ҳарбӣ ба зидди эътирозгарони Рӯшон,  дар манзилаш дар Душанбе дастгир шуд.

Ҳамсари собиқи ӯ Холбаш Холбашев, ки 57 сол дорад ва дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони нирӯҳои мухолифин ба шумор мерафт, худи ҳамон рӯз дар марзи Исфара вақте дастгир шуд, ки бо як сафари хидматӣ  дар ҷамоати Ворух қарор дошт. Ӯро аз Ворух пас фаро хонданд ва баробари аз марз ворид шуданаш ба дасташ завлона зада, ба Душанбе оварданд.

Рӯзи 24 май дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Дар он филм аз ҷумла гуфта мешуд, ки гӯё Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи БадахшонЭ ки дар Аврупо ба сар мебарад, барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ба Боқир 7 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон ба Холбаш 6 ҳазор доллар фиристодааст. Дар чӣ шароите ин иттиҳомро ба дӯш гирифтани Мамадшоева ва Холбашев маълум нест, вале Шерзамонов ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад.

Боздошти Мамадшоева, Холбашев ва ҳудуди 200 тани дигар аз зодагони Бадахшон дар пайи бо истифода аз нирӯву силоҳ саркӯб кардани мавҷи нави эътирозҳо дар ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон сурат гирифт. Мақомот ҳалокати 11 нафар дар ҷараёни саркӯби он эътирозҳоро тасдиқ карданд, вале Созмони Милал дар бораи ҳудуди 40 кушта хабар дод.

Чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон, раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар журналистони помириро талаб кардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳомоти зидди Мамадшоева бофта буда, дар асл мақомоти Тоҷикистон ин узви фаъоли ҷомиаи шаҳрвандиро барои фаъолиятҳои журналистиаш ва муборизаш барои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои ҳимояташ аз ҳуқуқи ақалиятҳои помирӣ, таҳти таъқиб қарор додаанд.

Дар моҳҳои охир  дар робита ба ҳаводиси ахири Бадахшон дастикам 6 журналисту блогери зодаи ин вилоят низ ба ҳабс андохта шуданд:  Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев. Муҳаммади Султон, полковники мустаъфии амният, ки 72 сол дорад, ҳафтаи гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ба  Улфатхоним Мамадшоева 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button