ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК МАНСАБДОР АЗ ҲУКУМАТИ ПАНҶАКЕНТ. БОЗ ҲАМ БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Як корманди ҳукумати шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо гумони даст доштан ба тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ва омода намудани ҳуҷҷат ба шахсоне, ки дар асл эҳтиёҷманд нестанд, дастгир шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент рӯзи 20 сентябри соли 2022 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод,  ки Фирдавс Аминзода, котиби комиссияи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ё худ шаҳрдории Панҷакент аз тарафи мақомоти прокуратура дастир гардида, айни замон дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Боздошти Фирдавс Аминзода тақрибан як ҳафта қабл рух додааст. Гуфта мешавад, Аминзода дар омода намудани ҳуҷҷатҳо барои шахсоне, ки дар асл эҳтиёҷманд набудаанд, даст дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, чанд нафари дигар аз кормандони масъулро низ барои “сӯҳбат” ба прокуратура даъват карда, аз онҳо ҳам баёнот гирифтанд.

Вале яке аз наздикони Фирдавс Аминзода мегӯяд, ӯ танҳо худаш наметавонист ба касе замин диҳад ва ҳуҷҷат тахт кунад. “Дар онҷо раис ва ҳамаи аъзои комиссия ва дар охир раиси шаҳр ҳам бояд имзо гузоранд”, мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Фирдавс Аминзода дар аввали соли ҷорӣ дар Фейсбук  дар гуруҳи “Маҳфили гирандагони стипендияи Президентии шаҳри Панҷакент” мақолаеро бо номи “Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа” нашр  карда буд. Ӯ дар ин мақола ҷавононро насиҳат мекард, ки “ақли худро дар ҷой оварда, ҳамарӯза дар пайи муборизаҳо бо ин амалҳои нопок бошем”.

Дар ин авохир ин аввалин мавриди боздошти кормандони ҳукумати шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ нест.

Афзалшо Дӯстзода, собиқ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳрдории Панҷакент, тобистони соли 2022 боздошт шуда буд. Ба иттилои прокуратураи вилояти Суғд, нисбат ба Дӯстзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 245 ва 247 бо гумони гирифтани пора аз падари як даъватшаванда барои омода кардани билети ҳарбӣ ва азхудкунии маблағи дастаи футболи “Зарафшон” парванда боз намуда буданд. Аммо ахиран Афзалшо Дӯстзода бо қарори додгоҳи шаҳри Панҷакент танҳо ҷарима баста шуда, ба муҳлати як сол аз ҳаққи кор дар сохторҳои давлатӣ маҳрум гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button