Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ КУШТАШУДАҲО АЗ ТАРАФИ ҚИРҒИЗИСТОН БА 59 НАФАР РАСИД

Вазорати тандурустии Қирғизистон шаби 18 сентябри соли 2022 хабар дод, ки то соати 22:00 шумораи кушташудагон аз тарафи Қирғизистон  дар муноқишаи ахир дар марз бо Тоҷикистон ба 59 нафар расида, шумораи захмиён 144 нафар шудааст.

 “Бино ба маълумот и фаврии аз вилояти Бодканд расида, ба муассисаҳои тандурустии Бодканд ҷасадҳои боз 13 кушташударо овардаанл. Шумораи умумии кушташудаҳо дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳона дар вилояти Бодканд ба 59 нарфар расид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати тандурустии Қирғизистон.

Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” муяссар шуд, ки то ин соат исми 23 нафар аз кушташудагон аз тарафи Тоҷикистон дар ҷараёни муноқишаҳои рӯзҳои 14-16 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро муайян кунад. Ин рӯйхат ҳанӯз пурра нест, зеро танҳо мавридҳои тасдиқшудаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғистон аз 40 нафар бештар аст ва ҳизби демократ ҳатто дар бораи кушта шудани ҳудуди 60 нафар аз тарафи Тоҷикистон хабар медиҳад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороташ кушта шудани дастикам 26 нафар аз сокинони мулкиро тасдиқ кардааст.

Муноқишаи рӯзи 16 сентябр яке аз хунинтарин муноқишаҳо нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи  баъд аз Шӯравии низоъҳои марзӣ   дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button