ВидеоКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

КОРМАНДИ МБТИ ДУШАНБЕ АЗ ЯК КОРАФТОДА 1000 ДОЛЛАР ВА 3900 СОМОНӢ ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 сентябри соли 2022 аз анҷоми тафтиҳи пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии зидди Ҷамшеди Сайҷалол, корманди МБТИ шаҳри Душанбе хабар дод.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ҷамшеди Сайҷалол дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз номбурда бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро иҷро накардааст”.

Ба зидди Ҷамшеди Сайҷалол вобаста ба ин ҳолат бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобие, ки такроран ва бо истифода аз мақоми давлатӣ содир шуда, боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд.

 Корхонаҳои  давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ), ки ба ҳуҷҷатгузории манзил ва дигар молу мулки ғайриманқули мардум машғул мебошанд, яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Ба Ҷамшеди Сайҷалол  бар асоси қисми дуюми моддаи 247 барои қаллобӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои гирифтани пора бадастафтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button