ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ТОҶИК БАРОИ ҲАМВАТАНИ МАҲБУСАШ ДАР РУСИЯ 3 СИМКОРТУ ПУЛ БУРДАНӢ ШУДААСТ

Идораи Хадамоти федералии зиндонҳои Русия дар ҷумҳурии Мордовия хабар дод, ки дар маҳбаси №17 аз як кӯшиши навбатии ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави ин маҳбас ворид кардани молҳои мамнӯъ пешгирӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, кормандони маҳбаси №17 ҳангоми тафтиши чизҳои бо худ овардаи як сокини Тоҷикистон 3 симкорт ва 1000 рубл пули нақд пайдо кардаанд. Ин сокини Тоҷикистон барои мулоқоти дарозмуддат бо як маҳбус омада буд.

Тибқи муқаррарот, истифода пули нақд ва симкорт дар  аксари маҳбасҳои Русия, вобаста ба режимашон мамнӯъ мебошад.

Нисбат ба зодаи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд ва санҷиш идома дорад. Ба ӯ барои ин амал ҷарима таҳдид мекунад, вале зоҳиран акнун ӯро аз ҳаққи мулоқот бо он маҳбуси дигар низ маҳрум мекунанд.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федералии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд.  Садҳо нафар аз ин маҳбусони тоҷик ҳукми худро дар маҳбасҳои ҷумҳурии Мордовия адои мекунанд. Ҳанӯз аз даврони Сталин маҳбасҳои зиёде асосан дар Мордовия сохта мешаванд.

Маҳбаси №17 муассисаи ислоҳии низомаш сангин ба шумор рафта, дар соҳили дарёи Явас, дар даруни ҷангале дар канори шаҳраки Озерний дар ҳудуди ноҳияи Зубова Поляна ҷойгир шудааст. Озерний соли 1936 ҳамчун як қисми Дубравлаг, як силсилаи бузурги зиндонҳои сталинӣ бунё1д шуда буд. Ин шаҳрак дар тақрибан 250километрии ҷанубушарқи Рязан ва тақрибан 200километрии ғарби Саранск, пойтахти Мордовия ҷойгир шудааст.

Маҳбаси №17 бори аввал замоне вирди забонҳо шуд, ки шаҳрванди амрикоии бо ҷурми ҷосусӣ маҳкумшуда Пол Уиланро барои адои ҳукм ба ҳамин зиндон оварданд. Дар тирамоҳи соли 2021 маҳбаси №17 боз дар сархатти ахбор қарор гирифт ва ин дафъа дар пайи боздошти сардори ин муассиса Владимир Денисов барои гирифтани пора. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки Денисов  дар ивази ваъдаи пуштибонӣ аз як маҳбус телефони мобил, телевизор ва бастаи мавҷгири моҳвораӣ гирифтааст. Ин ҳамаро ба сардори маҳбас як шиноси он маҳбус оварда додааст.

Маҳбусони тоҷик дар яке аз маҳбасҳои ҷумҳурии Мордовияи Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button