Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ТОҶИКИСТОН КУШТА ШУДАНИ БЕШ АЗ 20 СОКИНИ МУЛКӢ, АЗ ҶУМЛА КӮДАКОНРО ТАСДИҚ КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18 сентябри соли 2022 бори аввал рӯйдодҳои хунини ахир дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод. Душанбе Қирғизистонро ба “содир кардани ҳамлаи таҷовузгарона ба зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон” айбдор кард ва тасдиқ кард, ки дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар деҳаҳои наздимарзии Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 20 нафар аз сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд.

Бино ба баёнияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳаддӣ ва дигар воҳидҳои артиши Қирғизистон субҳи 14 сентябр, соати 07:15 бе ягон сабаб, ба Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузгарона анҷом дода, бо истифода аз миномёту пулемёт ва дигар силоҳҳо дидбонгоҳи Кехро тирборон карданд. Дар натиҷаи ин “амалҳои душманона” ду сарбози тоҷик кушта шуданд.

Душанбе гуфт, ҷониби Қирғизистон ҳамзамон бо “амалҳои иғвогарона” нирӯҳо ва техникаи вазнини иловагиро ба ноҳияҳои марзӣ интиқол дод ва ҳамон рӯзи 14 сентябр, соати 14:10, алакай баъди эълони оташбас бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба нуқтаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла овард. Ҳамчунин бар асари тирборони мактаби миёнаи №47 дар ҷамоати Чоркӯҳ муаллимон ва хонандагони ин мактаб ҷароҳат бардоштанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, бо вуҷуди тавофуқ дар бораи ором сохтани вазъ ва берун кашидани нирӯҳои иловагӣ, субҳи барвақти 16 сентябр, соати 04:50 нирӯҳои қирғиз  бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба тирборони заставаи сарҳаддии “Душанбе” сар карда, ба дунбол бо истифода аз техникаҳои ҷангӣ ба нуқтаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҳамла оварданд. Аз ҷумла манотиқи аҳолинишин дар деҳаи Чорқишлоқи Исфара аз сӯи мошинҳои зиреҳпӯши БМП ва БТР шадидан тирборон шуданд.

Тахминан соати 06:30, нирӯҳои Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара ворид шуда, 16 хонаи сокинони ин деҳаро оташ зада, ба ғоратгарӣ ва яғмо машғул шуданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар Боғдорӣ сарбозони қирғиз ба як хона даромада, як зани кӯҳансолро бо бераҳмии махсус ба қатл расондаанд.

Вазорат гуфт, нирӯҳои Қирғизистон ҳадафмандона хатти нирӯи барқи Шӯробро тахриб карда, ба купруки деҳаи Чорқишлоқ ҳамла оварданд ва дар Боғистону Лакон хонаҳои мардумро оташ заданд. Гуфта мешавад, аз тири сарбозони қирғиз дар ҷамоати Чоркӯҳ 5 узви як оила, аз ҷумла як зани ҳомила ва ду тифлеро, ки якеаш 6 ва дуюмӣ ҳамагӣ 5 сол дошт, куштанд.

Аз соати 07:30, бино ба иттилои расмӣ, ҷониби Қирғизистон дар тамоми тӯли марзҳояш бо Тоҷикистон ба тирборон шурӯъ кард ва аз ҷумла деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳадафи чунин тирборон қарор гирифт. Душанбе гуфт, Қирғизистон дар ин самт 20 мошини зиреҳпӯши аз қабл барои анҷоми ҳамлаи таҷовузкорона ба инҷо интиқолдодашударо истифода бурдааст.э Ҳамин тавр, мактаби деҳаи Боғистон дар Исфара мавриди тирборон қарор гирифта, аз оташи 8 танк ва 2 БТР дар Боғистон 8 хона ба коми оташ рафт. Ҳамзамлон хонаҳои сокинон дар деҳаи Сомониёнро артиши Қирғизисион  аз 10 мошини БРДМ мавриди тирборони шадид қарор дод.

Бар илова, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон, соати тахминан 07:35,  дар натиҷаи тирборони ҷамоати Хистерварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуро аз миномётҳо аз тарафи Қирғизистон ду зани солҳои таваллудашон 1948 ва 1962 кушта шуда, 5 узви оилаи онҳо, аз ҷумла кӯдакон ҷароҳат бардоштанд.

Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди талошҳои батакрори ҷониби Тоҷикистон барои эълони отабшас ва азсаргирии музокироти сулҳ, ҷониби Қирғизистон тирборони манотиқи аҳолинишин дар канори шаҳри Исфара ва дар ноҳияҳои Ғафуров ва Расуловро идома дод.

Шоми 16.09.2022,  тахминан соати 19:10, алакай баъди эълони оташбас сарбозони қирғиз мактаби №225 дар ҷамоати Чоркӯҳро ҳадафи тирборон қарор доданд. Ҳамчунин дар ин ҷамоат мактаби №64 дар натиҷаи тирборони нирӯҳои Қирғизистон пурра ба коми оташ рафт.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияаш мегӯяд, бар хилофи арзишҳои аз ҷониби ҳамагон пазируфташудаи инсонӣ ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, нирӯҳои Қирғизистон аз мошини зиреҳпӯш як мошини “Ёрии таъҷилӣ”ро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумрад дар канори шаҳри Исфара  тирборон карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла, 5 узви як оила, аз ҷумла ду кӯдак: Асмоа, санаи таваллудаш 11.07.2016  ва Имрон, санаи таваллудаш  05.12.2017, ҳамчунин ронанда ва фелдшери ин мошини “Ёрии таъҷилӣ” кушта шуданд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон меафзояд, ки баъди аз соати 16:00 рӯзи 16 сентябр эълон шудани оташбас аз ҷониби роҳбарони комиссияҳои ду кишвар С.С.Ятимов ва Қ.Қ. Тошиев, ҷониби Қирғизистон нафақат аз техникаи вазнини зиреҳпӯш, балки аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазан (БПЛА) низ истифода мебурд. Аз ҷумла, гуфта мешавад дар изҳорот, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба бинои  мактаби №8 дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 6 сокинони мулкӣ кушта шуданд. Бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба як масҷид дар ҳамин ҷамоат 12 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола ҷароҳат бардоштаанд, гуфта мешавад дар баёнияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button