Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

РӮЙХАТТИ НОМ БА НОМИ 23 ҚУРБОНИИ МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН

Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” муяссар шуд, ки то ин соат исми 23 нафар аз кушташудагон аз тарафи Тоҷикистон дар ҷараёни муноқишаҳои рӯзҳои 14-16 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро муайян кунад.

Ин рӯйхат ҳанӯз пурра нест, зеро танҳо мавридҳои тасдиқшудаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғистон аз 40 нафар бештар аст ва ҳизби демократ ҳатто дар бораи кушта шудани ҳудуди 60 нафар аз тарафи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин далел, идораи “Бомдод” умедвор аст, ки бо кумаки Шумо, хонандагони азизаш, ин рӯйхатр такмил мекунем, то ки ягон қурбонии ин муноқиша аз ёдҳо фаромӯш нашавад.

САРБОЗОНИ КУШТАШУДА:

  1. Сафаралии Ҳасан, 23сола аз ноҳияи Восеъ
  • 2. Аслан Менеқулов, аз маҳаллаи Умари Хайём (собиқ Ургутмаҳалла), шаҳри Бохтар
  • 3. Ҷумъаев Сабриддин Субҳонидинович, афсар, аз деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт

НОМАИ МАРЗБОН

Мирам агар ба сангари марзи муқовимат,

Дар хатти марз гур кунедам бародарон.

То хоки ман нишемани ҳамсангарам шавад,

Гирад зи пушти теппаи хоки тарам нишон.

Бо сина пеши тири адуро гирифтаам,

То нагзарад зи ман ба дили хоҳарам расад.

Ин хоки намкашида зи хунам ҳам ин замон,

Нагзорад ин ки тир ба ҳамсангарам расад.

  1. 4. Одинаев Мухаммадчон Хусейнович 26.01.1996-16.09.2022
https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/posts/3382166135361621/
  • 5.Сангинов Ҷамшед, аз деҳаи Симиганҷ дар канори шаҳри Ваҳдат
  • 6. Наҷмиддинов Шуҳратҷон Ҷамшедович (кӯч.Обшорон, ҷамоати шаҳраки Ховалинг, н.Ховалинг) сардори ШҲТҶ ШВКД ш.Исфара дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Шуҳрат Начмиддинзода соли 1989 ба дунё омада, 3 фарзанд дошт ва дар  шуъбаи милитсияи ҷамоати Ворух кор мекард.

  • 7. Нусратулло Фатҳулло, 25сола, соҳиби 2 фарзанд, зодаи деҳаи Гулистони ноҳияи Кушониён.
  • 8. Хирадманд Усмонзода, 28сола, аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ
https://www.facebook.com/groups/370054600140683/?multi_permalinks=1466709907141808&ref=share
  • 9. Муҳаммад аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ
  1. 10. Аловиддин Мирзоев, аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ

Ду духтар ёди ту доранд,

Туро мурда напиндоранд,

Ба роҳат чашми бедоранд,

Аловиддин, Аловиддин!

Ба даҳрӯза писар бингар,

Сағир гардиду беёвар,

Ду чашмам дар ғамат шуд тар,

Аловиддин, Аловиддин!

  1. 11. Назрулло Олимов, аз ноҳияи Вахш;
  2. 12. Шӯҳрат Абдулхайров, аз ноҳияи Вахш;
  3. 13. Салоҳиддин Муъминов, аз ноҳияи Вахш;
  4. 14. Шӯҳрат Ҷумъахонов, аз ноҳияи Вахш.

15. Мансурҷон Қаюмов

Мансурҷон Қаюмов ҷоят ҷаннат шавад!

Эй Ватан дар ҳар қадам санг аст туро,

Санги кӯҳсор бо ҳазор ранг аст туро,

То намонад сӯи ту по душмане,

Бачаатро аз азал нанг аст туро.

Нусратуллоҳи Кангуртӣ

https://www.facebook.com/groups/419039282672478/posts/790395362203533
  • 16. Неъматзода Содирбек, сокини деҳаи Истошони ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
  •  17. Холзода Нурмуҳаммад, сокини деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

СОКИНОНИ МУЛКӢ:

  1. 5 узви як оила аз маҳаллаи Таги Садаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара 1. Сардори оила Файёзова Муҳаёхон, 21.03.1969

       2. келинаш Баҳромзода Дилноза, 31.03.1993

          3. келинаш Уктамзода Садоқат,  20.03.1997 (Уктамзода Садоқат ҳомила буд ва тифли батнаш алакай 8моҳа буд)

4. наберааш Амриддинзода Асмоахон,  11.07.2016

5. наберааш Илҳомзода Имрон, 05.12.2017

6. Абдувоҳиди Абдуқаюм, сардори раёсати будҷаи иҷтимоӣ дар Сарраёсати молияи вилояти Суғд, зодаи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафуров.

Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16 сентябр дар марз бо Қирғизистон танҳо аз миёни аҳолии мулкӣ дастикам 26 нафар кушта шудаанд. Аз ҷумла як зани солхӯрда дар деҳаи Боғдории Исфара, ду зани солҳои таваллудашон 1948 ва 1962 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин дар натиҷаи ҳамлаи БТР ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар деҳаи Чорқишлоқ ба ҷуз он 5 узви як оила, ронандаи мошин ва як фелдшер ҳам кушта шуданд. Ҳамин тавр, нимаи дуюми рӯзи 16 сентябр  дар натиҷаи 2 ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров  18 нафар кушта шуданд. 6 нафари онҳо бар асари ҳамлаи дрон ба бинои  мактаби №8  ва 12 нафари дигар бар асари асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди Овчӣ Қалъача ҷон бохтанд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз кушта шудани дастикам 39 нафар аз тарафи Тоҷикистон дар ҷараёни даргириҳои рӯзҳои 14 то 16 сентябр  хабар дод. Ҳизби демократи Тоҷикистон дар изҳороташ шумораи кушташудагон аз тарафи  Тоҷикистонро ҳудуди 60 нафар рақам задааст.

Ба ин далел, бори дигар таъкид мекунем, ки ин рӯйхати нашршуда ҳанӯз комил нест ва идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ҳама хоҳиш мекунад, ки дар пурра кардани ин рӯйхат дасти ёрии худро дареғ надоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button