ВидеоДин ва боварҳоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БАРОИ ХУНИ ИНҲО КӢ ҶАВОБ МЕГӮЯД? 6 ШАҲИД, АЗ ҶУМЛА 3 КӮДАК АЗ ЯК ОИЛА ДАР ИСФАРА

Рӯзи 17 сентябри соли 2022 дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара якбора намози ҷанозаи 8 нафар аз қурбониёни даргириҳои рӯзи 16 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд.

6 нафари онҳо аз як оила буданд: 2 зан, 3 фарзанди онҳо, аз ҷумла як тифли дар батни модар,  ва бибии ин кӯдакон.  Саидабдулло Нуриддин, журналисти муқими Исфара исми ин шаҳидон аз як оиларо нашр кардааст:

 Сардори оила: Файозова Муҳаёхон 21.03.1969

Келини хонадон: Баҳромзода Дилноза 31.03.1993

Келини хонадон: Уктамзода Садоқат: 20.03.1997

Набера: Амриддинзода Асмоахон 11.07.2016

Набера: Илҳомзода Имрон 05.12.2017

Ва як кӯдак дар батни Уктамзода Садоқат буд ва баъди 1,5 моҳ бояд таваллуд мешуд ва он ҳам шаҳид шуд.

Бино ба нақли Саидабдулло Нуриддин, рӯзи 16 сентябр аввал як снаряди нирӯҳои Қирғизистон ба хонаи истиқоматии ин оилаи баргаштабахт дар маҳаллаи Таги Сада расида, девори ин хонаро чапа кардааст. Баъди афтидани снаряд сокинони маҳалла кӯдаконро ба беморхонаи деҳаи Найман интиқол доданд ва аз беморхонаи Найман тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” мехостанд ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара баранд. Вале дар роҳ дар болои кӯпруки деҳаи Чорқишлоқ мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба ҳамлаи нирӯҳои Қирғизистон дучор шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла 6 нафар аз ин як оила.

Дар ин видео Имрон Илҳомзодаи ғӯррамарг вақте сабт шуда буд, ки ҳамагӣ се сол дошт. Чӣ қадар суҳбати ширине дошт ин кӯдак ва чӣ қадар орзуву ҳавас, ки ин ҳамаро бо худ ба гӯр бурд…

https://youtube.com/shorts/jr3NgPDIeOU

Сарфи назар аз онки муноқишаи ахир дар марз бо айби кӣ сар шуд?, ин суол зеҳни касеро наметавонад ором бигузорад, ки ин ду се кӯдаки маъсум, ки якеаш ҳанӯз ҳатто дида ба ҷаҳон накушода буд, ва ҳамин тавр модарони онҳову бибиашон чӣ гуноҳ доштанд? Ва барои хуни рехтаи ин бегуноҳон кӣ бояд ҷавоб диҳад? Дар он дунё, ки ин гунаҳкорон ҳама ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид, вале дар ин дунё барои хуни онҳо киро бояд ба маҳкамаи башарият кашид?

Саидабдулло Нуриддин нақли ронандаи он мошини “Ёрии таъҷилӣ”ро, ки дучори ҳамла шуд, низ пурра китобат ва нашр кардааст:

Саидабдулло Нуриддин

НАҚЛИ ОН МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИЕ КИ АЗ ТАРАФИ САРҲАДБОНОНИ ҚИРҒИЗ БО ГУЛУЛА ЗАДА ШУД…

Санаи 16.09.22 Соати 04:20 якбора аз чаҳор тарафи Чоркӯҳ садои тиру гулула баланд шуд. Сарҳадбонон ва афсарони қирғиз беист ба сӯйи сокинони осоиштаи Чоркӯҳ аз танку тӯп ва гулула партоб мекарданд.

Соат 04:45 садои тиру туп баланд мешуд ва аз шиддати садои тонку гулулаи қирғиз шишаҳои хонаҳо меларзид.. Ва садои гиряи кудакон баланд шуд ва мардум парешон ба сӯйи масҷид медавиданд… Модарони парешон дасти фарзандони худро гирифта ба таҳхона (подвали) ҳамсояҳо медавиданд то худро ба ҷойи амнтар бирасонанд.

Соат 05:10 садои тиру тупи сарҳадбонон ва афсарони қирғиз торафт баланд мешуд.. Вақти намози Бомдод мардум дар масҷид намоз мехонданд…

Соат 05:40 Мардум аз масҷид баромада шитобон ба хонаҳои худ медавиданд то ба назди фарзандон бирасанд ва аз тарсу ҳароси зиёд фарзандонро наҷот бидиҳанд..

Соат 05:50 Снаряди қирғиз ба болои хонаи яке аз ҳамсояҳои масҷид уфтод, (Ҳамон замон дар фейсбук ман аз тиру гулулаҳои партоб кардаи қирғиз ПАХШИ ЗИНДА мекардам) шитобон ман ҳам ба суйи хонаи снаряд афтида давидам ва дар роҳ аз ҳамсояе пурсидам, ки снаряд ба хонаи кадом ҳамсоя уфтод? Дар ҷавоб ҳамсоя гуфт, ки ба хонаи Амаки Аъзамбой Шоки шудам ва чашмаш ба як чангу ғубор афтид ки он тарафи кучаро дидан мушкил буд.

Соат 06:01 Якбора садои доду фарёд баланд шуд ва дар мобайни роҳ 3 нафар зан медавиданд ва дар бағали ду зан ду кӯдак буду фарёд мекашиданд, ки ёри диҳед, ки ҳозир кӯдакон мемиранд. Ҳамин замон ҳамсояи дигарамон ба мошинаш он 3 зану кудаконро савор карда ба беморхонаи деҳаи Найман расонид.

Соат 06:20 Садои тиру туп ва гулула то рафт баланд мешуд , ҳамсояам аз беморхона бо мошинаш баргашт ва ман аз ҳоли он кӯдакон пурсидам, гуфт, як кӯдак вазнин ба сараш боқимондаҳои снаряд даромада ва духтурон ҳам ба беморхонаи марказ яъне Исфара мефиристанд. Баъди шунидани ин хабар дилам реш шуд ва пурсидам, ки бо мошини Ёрии Таъҷилӣ мебаранд? Гуфт бале, ҳамон замон аллакай афсару сарбозони қирғиз ба тамоми минтақаҳои назди марзӣ тиру гулула партоб мекард ва аз он ҷумла ба деҳаи Чаҳорқишлоқ.

(Роҳе ки деҳаи Найман ва Исфараро бо ҳам мепайвандад ва дар 10 км роҳ деҳаи Қаробоғ, деҳае қирғизҳо аст, ки онҷо дар баландиҳои кӯҳи сиёҳ афсарони қирғиз ҷойгир шуда ва дар онҷо дидбонгоҳ ва қисми низоми бунёд кардааст. Дар рӯбарӯи деҳаи Қаробоғ деҳаи мо тоҷикон Чаҳорқишлоқ ном деҳае аст. Барои ба маркази шаҳр яъне Исфара рафтан аз мобайни ин ду деҳа гузар мекунед аз тарафи рост деҳаи Қаробоғ ва аз тарафи чап деҳаи Чаҳорқишлоқ ва ин ду деҳаро дарёи Исфара аз ҳам ҷудо мекунад ва дар болои дарё кӯпруки мо тоҷикон аст, ки ба самти Исфара мебарад. )

Соат 07:10 Садои тиру гулула ҳар сония баланд мешуд ва мардум ҳам як руҳияи парешон дар худ доштанд.. Аз ҳамсояи дигаре пурсидам, ки вазъият чигуна асту аз ҳоли он кӯдаки захмбардошта чи иттилоъе дори? Гуфт ҳозир хабар омад, ки холаи Муҳаёхон (Шаҳидшудагон)! бо келиношон набераи захм бардоштаро бо мошини Ёрии Таъҷили ба беморхонаи Исфара бурда истодаанд ва аллакай дар роҳанд. Ба ҳамсояам гуфтам, ки чаро онҳоро ба Исфара бурданд? Ҳамон замон афсарони қирғиз ба сӯйи сокинони деҳаи Чаҳорқишлоқ ҳам тиру гулула партоб мекард. Ва он мошини Ёрии Таъҷили дар роҳ ба сӯйи Исфара….

Соат 08:50 хабари шум… Мошини Ёрии Таъҷилиро дар болои кӯпруки Чаҳорқишлоқ афсарони қирғиз мавриди ҳамла қарор дода… Ва дар дохили мошин 3 нафар зан ва 2 кӯдак ва як табиб бо ронанда ҳама ҳалок шудаанд…

Он хабар ба ҳамаи деҳа зуд паҳн шуд ва ҳама шоки буд… Ва аз дигар маҳаллаҳо низ беист занги телефон садо медод ва аз мошини Ёрии Таъҷилӣ пурсон мешуданд… Ман лол монда будам ва дар он вақт худро чунон ҳис кардам ки бе пой роҳ меравам ва тамоми аъзойи баданам аз шунидани ин хабар карахт шуда буд…

Ин нақле, ки афсарони бевиҷдону беимону Худобехабари қирғиз, мошини Ёрии Таъҷилии моро дар болои кӯпруки Чаҳорқишлоқ мавриди ҳамла қарор дод

ва дар дохили мошин занону кӯдакон ва табибу ронанда ҳама ҷоми шаҳодат нӯшиданд ва ҷасадҳои қисм- қисм шудаи шаҳидонро пайдо карда дирӯз ба хок супоридем.😭

Исми шаҳидони аъзои як оила:

Сардори оила:

Файозова Муҳаёхон 21.03.1969

Келини хонадон:

Баҳромзода Дилноза

31.03.1993

Келини хонадон:

Уктамзода Садоқат:

20.03.1997

Набера:

Амриддинзода Асмоахон

11.07.2016

Набера:

Илҳомзода Имрон

05.12.2017

Рикатовар он аст, ки келини хонадон ҳомила будааст ва баъди 1,5 моҳ фарзандаш ба дунё бояд меомад.

Баҳромзода бо писарчааш

Уктамзода бо духтарчаашу бо тифли дар батнаш буда ва хушдоман ҳама ҷоми шаҳодат нӯшиданд.😭😭😭

Худованд шаҳодаташонро қабул кунад, омин!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button