Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВКД: ҚИРҒИЗИСТОН БО ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН БА МАСҶИДИ ОВЧӢ-ҚАЛЪАЧА ҲУҶУМ КАРД

ВКД Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ хабари  ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамла кардани нирӯҳои Қирғизистонро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҳамла баъди эълони оташбас  сурат гирифта, боиси ҳалокати сокинони осоишта шудааст.  Вазорат дар бораи шумори қурбониёни ин ҳамла ягон рақам наовардааст, вале қаблан сокинон дар бораи куштаю захмӣ шудани чандин нафар хабар дода буданд.

ВКД Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро айбдор кардааст, ки “баъди ба мувофиқа расидани тарафҳо оид ба манъи истифодаи силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар минтақаҳои даргири наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва эълони оташбас ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз муҳимоти вазнини ҷангӣ, аз ҷумла чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро ҳадафи ҳамлаи ҳарбӣ қарор додааст, ки дар натиҷа сокинони осоишта ба ҳалокат расидаанд”.

Бино ба ин гузориш, аз ҷумла, 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи мактаби миёнаи МТМУ №8 ҷойгир аст, хароб карда шудааст. Ҳамчунин дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.


“Осори ҳамла ва изи силоҳу лавозимоти ҷангии низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия сокинони маҳаллиро нигарон кардааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ки то эълони оташбас қувваҳои ҳарбию низомии ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва деҳаи Чорқишлоқ ба бетартибӣ роҳ дода, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандонро валангор ва ҳаёти осоиштаи онҳоро халалдор кардаанд. Баъди эълони оташбас ҳам чунин бетартибӣ ва аҳдшикании низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон идома дорад, гуфтааст ВКД Тоҷикистон.

Тавре қаблан хабар додем, дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоми 16 сентябр, алакай баъди эълони оташбас, дар натиҷаи ҳамлаи дрон, ё ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон  чанд сокини осоишта кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, мардум ба кӯча баромада буд, то бо эълони оташбас ва хатми муноқиша ҳамдигарро табрик кунанд, вале дар ин асно як дрон издиҳоми дар  кӯча ҷамъомадаро тирборон кардааст. Дар дасти идораи “Бомдод” сабти асароти ин ҳамла ҳаст, вале  кадрҳо чунон даҳшатоваранд, ки аз нашри он худдорӣ мекунем.

Шоҳидон дар бораи дастикам 10 қурбонии ин ҳамла бо ҳавопаймои бесарнишин хабар медиҳанд. Яке аз кушташудаҳо Абдувоҳиди Абдуқаюм, сардори раёсати будҷаи иҷтимоӣ дар Сарраёсати молияи вилояти Суғд будааст. Дар ин бораи дӯстону ҳамкорони ӯ дар Фейсбук хабар доданд.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=1270022513828808&set=a.143786869785717

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button