ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ҚИРҒИЗИСТОН ГУФТ, ҲАМАИ ЗАМИНҲОИ АЗ СӮИ ТОҶИКИСТОН ИШҒОЛШУДАРО БАРГАРДОНД (ВИДЕО)

 Намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдукарим Олимбоев  рӯзи 17 сентябри соли 2022 ба хабарнигорони қирғиз хабар дод, ки ҷониби Қирғизистон тамоми деҳаҳои як рӯз пеш дар ҷараёни муноқишаи марзӣ аз сӯи нирӯҳои  Тоҷикистон ишғолшударо алакай пас гирифтааст.

“Нирӯҳои Қирғизистон шабона дар деҳаҳои ишғолшуда кор карданд ва онҳоро аз нирӯҳои Тоҷикистон озод карданд”, –  нақли қавл кардааст аз Олимбоев хабаргузории қирғизии «Кабар».

Аммо Олимбоев нагуфтааст, ки ин деҳаҳоро ҷониби Қирғизистон тавассути ҷанг пас гардондааст ваё тавассути музокирот дар пайи эълони оташбас?

Ҷониби Тоҷикистон низ то ин соат хабари боз ба дасти Қирғизистон гузаштани минтақаҳои рӯзи 16 сентябр ишғолкардаи нирӯҳояшро ягон шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи дигари хабарии Қирғизистон 24KG  видеои лаҳзаеро нашр кардааст, ки нирӯҳои Қирғизистон баъди ворид шудан ба яке аз деҳои ишғолшуда дар пеши дурбини видеокамера парчами Тоҷикистонро, ки дар боми як бино насб шуда буд, канда гирифта, пора-пора мекунанд. Хабаргузорӣ гуфтааст, ки ин кор дар яке аз деҳаҳои вилояти Бодканд рух додааст, вале номи ин деҳаро наовардааст.

Рӯзи 16 сентябр, дар ҷараёни задухӯрдҳои сангин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи пешравиҳои тарафҳои даргир гузоришҳои зиддунақиз ба гӯш мерасид.

Аз тарафи Тоҷикистон шоҳидон дар бораи ишғоли чандин мавзеъ дар атрофи Воруху Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло ва ҳатто ишғоли чанд заставаи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар дода буданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон баъдан аз даст додани мактаби деҳаи Достукро эътироф кард. Аз он пеш видео нашр шуд, ки чӣ гуна низомиҳои тоҷик ба боми мактаб парчами Тоҷикистонро овезон мекунанд.

Tӯрақул Дооров, хабарнигори қирғиз ва мудири бахши қазоқиии Радиои Озодӣ, ки зодаи вилояти Бодканд аст, дар Твиттер тасдиқ кард, ки нирӯҳои Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр зодгоҳи ӯ: деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлакро, ки дар паҳлуи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудааст, низ ишғол кардаанд. Дооров дар Твиттер видеои бозори валангори ин деҳаро гузошта, навиштааст, ки бозорро ҳам дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16 сентябр оташ задаанд.

https://youtube.com/shorts/CLxxndjVOx0

Рӯзи 16 сентябри соли 2022 даргириҳои сангин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф даҳҳо куштаю захмӣ ба ҷо гузошт. Қирғизистон ҳалокати 24 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 нафарро тасдиқ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи талафоташ то ҳол ягон маълумоти расмӣ нашр накардааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, аз ин тараф низ шумораи куштаҳо ва захмиҳо хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button