ВидеоДин ва боварҳоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ЯКБОРА 7 НАФАР ДАР ЧОРКӮҲ(ВИДЕО)

Рӯзи 17 сентябри соли 2022 дар маҳаллаи Мӯъминободи ҷамоати Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфара маросими намози ҷанозаи якбора 7 сокини Чоркӯҳ баргузор шуд. Намози ҷанозаи ин 7  қурбонии муноқишаи хунини рӯзи 16 сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро Насруллохон Азизов, хатиби масҷиди марказии Исфара имоматӣ кард.

Дар сабти видеоие, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, домулло Насруллохон ин қурбониёнро шаҳид ном мебарад ва мегӯяд, ки онҳо барои ҳимоят аз марзу буми Ватани худ ҷон бохтанд.

Муноқишаи рӯзи 16 сентябр яке аз хунинтарин муноқишаҳо нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи  баъд аз Шӯравии низоъҳои марзӣ   дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи талафоти худ дар муноқишаи ахир ягон маълумоти расмӣ нашр накардааст, вале сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, танҳо аз ин ҷамоат дастикам 11 нафар, аҳ ҷумла 2 кӯдак дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16 сентябр кушта шуданд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳалокати 24 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 нафарро аз ҷониби Қирғизистон тасдиқ кардааст. Бино ба иттилои манобеи ғайррасмӣ, шумораи куштаҳову захмиҳо аз тарафи Тоҷикистон низ хеле зиёд аст.

Аксари қурбониёни ин муноқишаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар байни куштаҳову захмиҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16 сентябр, баъди беш аз 10 соати ҷанг эълони оташбас карданд, вале баъди ин тавофуқ низ даргириҳое пароканда дар марз то ҳол идома доранд.

Аз ҷумла шоми 16 сентябр бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон ба масҷиди ҷамоати Овчӣ  Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чандин нафар ҷароҳат бардоштанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  (то муноқишаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ) дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд ва марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлак  нуқтаҳои аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button