ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

НИРӮҲОИ ТОҶИКИСТОН МАКТАБИ ДОСТУКРО ИШҒОЛ ВА ШАҲРИ БОДКАНДРО МУШАКБОРОН КАРДААНД (ВИДЕО)

Задухӯрдҳои шадид дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз субҳи 16 сентябри соли 2022 идома доранд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон нимаи дуюми рӯзи 16 сентябр хабарҳо дар бораи аз ҷониби нирӯҳои Тоҷикистон мавриди мушакборон қарор гирифтани шаҳри Бодканд, маркази вилояти Бодкандро тасдиқ кард. Ин шаҳр тақрибан 10 километр дуртар аз марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Марзбонони қирғиз гуфтанд, ки мавзеъҳои атрофи фурудгоҳ ва бархе канораҳои шаҳри Бодканд мавриди мушакборон қарор гирифта, чанд иншооти мулкӣ вайрон шудааст.

Вале дар видеое, ки нашр шуд, дида мешавад, ки аз паҳлуи бинои комиссариати ҳарбӣ дар маркази шаҳри Бодканд алангаи дуд ба ҳаво баланд мешавад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳамчунин хабарҳо дар бораи аз сӯи нирӯҳои Тоҷикистон ишғол шудани мактаби деҳаи Достукро низ расман тасдиқ кард. Қаблан видеое нашр шуд, ки низомиҳои тоҷик бар фарози як мактаб парчами Тоҷикистонро овезон мекунанд. Вале дар шарҳи зери он видео гуфта мешуд, ки нирӯҳои Тоҷикистон мактаби деҳаи бо Достук ҳамсояи Оқсойро гирифтаанд.

Боғдории қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ва “нобуд кардани миқдори зиёди техникаи вазнини ҷониби Тоҷикистон” хабар медиҳанд. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон қаблан хабари мавриди ҳамлаҳои нирӯҳои Қирғизистон қарор гирифтани чанд заставаро тасдиқ карда буданд, вале иддаои нобуд шудани техникаи вазнини ҳарбии худро ҳанӯз ягон шарҳ надодаанд.

Дар айни замон дар Интернет видеое нашр шуд, ки нирӯҳои Тоҷикистон як танки Қирғизистонро зада, нобуд кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ин соат дар бораи талафоти худ низ иттилои расмие нашр накардааст. Вале дар як акс ва як видеое, ки пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара дарёфт кард, дида мешавад, ки аз ҷониби Тоҷикистон дасти кам 3 нафар кушта шудаанд. Дар видео ҷасади ба хун оғӯштаи як сокини Исфара дар байни роҳ дида мешавад ва дар акс ҷасади ду ҷавоне, ки манаҳҳояшонро баста, дар як ҳуҷраи дар рӯи палос гузоштаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки ҳар соат дар бораи талафоти он ҷониб маълумоти нав медиҳад, дар охирин иттилоияаш гуфт, то соати 15:00 рӯзи 16 сентябри соли 2022 ба бемористонҳои вилояти Бодканд 42 захмиро овардаанд. Аз ин шумор 18 нафарро дар бемористони вилоятӣ, 19 нафарро дар бемористони ноҳияи  Лайлак бистарӣ карда, 5 нафари аҳволашон вазнинтарро ба Бишкек интиқол додаанд.

Вазъ дар марзи вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон субҳи барвақти 16 сентябри соли 2022 дигарбора башиддат бад шуд. Дар бораи даргириҳо дар чандин нуқоти марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд, аз ҷумла дар Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканд ва Ворух ва ҳамчунин дар марзи ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд хабарҳо ба даст мерасанд. Сокинони ин манотиқи марзӣ мегӯянд, аз субҳ аз тарафи марз садои тирпарронӣ, аз ҷумла аз силоҳҳои вазнин ба гӯш мерасад ва тири нирӯҳои қирғиз алакай ба чанд иншооти мулкӣ, аз ҷумла мактабу масҷидҳо расидааст.

Сокинони тарафи Қирғизистон дар айни замон, аз ишғоли бархе иншоот, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз ҷониби нирӯҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи тирпаррониҳо айбдор мекунанд.

Задухӯрдҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки президентҳои ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Самарқанд қарор доранд.

Рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ дар се задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар се мавзеи марзи Исфара бо Бодканд ду марзбони тоҷик кушта шуда, аз тарафи Тоҷикистон боз 11 нафари дигар (6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ) ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон хабар дод, ки аз тарафи онҳо 5 нафар, аз ҷумла 2 марзбон ва 3 сокини маҳаллӣ, бо шумули як кӯдаки 11-сола ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button