ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ ДАР МАВРИДИ ОТАШБАС ТАВОФУҚ КАРДАНД (3 АКС)

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод, ки баъди чандин соати задухӯрдҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду ҷониб дар мавриди оташбас ба тавофуқ даст ёфтаанд.  Музокироти тарафҳо дар дидбонгоҳи Равод дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон доир шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки  дар пасманзари ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар дидбонгоҳи гумрукии “Равод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон гуруҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шуданд.

Ҷониби Тоҷикистонро Раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и ин кишвар роҳбарӣ намуданд. Дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо пиромуни зарурати эълони оташбас изҳори назар  карда, дар ниҳоят ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад.

Тафсилоти дигар дар бораи тавофуқоти бадастомада дода нашудааст.

16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров мулоқот намуданд. Сарони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.
Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад. Сарони давлатҳо изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 16.09.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button