ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

4 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЗАДУХӮРДҲОИ НАВИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Вазъ дар марзи вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон субҳи барвақти 16 сентябри соли 2022 дигарбора башиддат бад шуд. Дар бораи даргириҳо дар чандин нуқоти марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд, аз ҷумла дар Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканд ва Ворух ва ҳамчунин дар марзи ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд хабарҳо ба даст мерасанд. Сокинони ин манотиқи марзии Тоҷикистон мегӯянд, аз субҳ аз тарафи марз садои тирпарронӣ, аз ҷумла аз силоҳҳои вазнин ба гӯш мерасад ва тири нирӯҳои қирғиз алакай ба чанд иншооти мулкӣ, аз ҷумла мактабу масҷидҳо асобат кардааст.

Сокинони тарафи Қирғизистон дар айни замон, аз ишғоли бархе иншоот, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз ҷониби нирӯҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи тирпаррониҳо айбдор мекунанд.

Задухӯрдҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки президентҳои ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Самарқанд қарор доранд.

Рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ дар се задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар се мавзеи марзи Исфара бо Бодканд ду марзбони тоҷик кушта шуда, аз тарафи Тоҷикистон боз 11 нафари дигар (6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ) ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон хабар дод, ки аз тарафи онҳо 5 нафар, аз ҷумлу 2 марзбон ва 3 сокини маҳаллӣ, бо шумули як кӯдаки 11-сола ҷароҳат бардоштаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 16 сентябр дар як изҳорои вижа ҳаводиси ахиор дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод:

“16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.  Новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ  ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ  ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд”.

Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба навбати худ ҷониби Тоҷикистонро дар “ҳамлаи аҳдшиканона айбдор кард. Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, низомиёни тоҷик тақрибан соати 06:00 дастаҳои сарҳадӣ ва мавқеъҳои ҷониби Қирғизистон дар мавзеъҳои ЭкиТош, ЧирДобо, КумМазор ва Ортобузро тирборон кардааст.” Баъдан, гуфта мешавад, “соати 06:30 ҷониби Тоҷикистон аз миномётҳо дар минтақаи зери назари дидбонгоҳи сарҳадии «Кӯктош»и отряди сарҳадии Бодканд шурӯъ кард. Соатҳои 7:15 низомиёни тоҷик ба тирборони посгоҳи марзии Самарқандек, воқеъ дар мавзеи Паски-Арики вилояти Бодканд шурӯъ карданд.”

Дафтари волии вилояти Бодканд гуфт, вазъ дар марз бо Тоҷикистон ноором боқӣ мемонад ва деҳаҳои Қизил-Бел, Кӯктош, Тамдиқ, Достук ва мавзеи Торт-Кочо, ё Чоркӯчаи ноҳияи Бодканд   ва ҳамчунин деҳаҳои Қулунду, Достук, Мақсат, Жаңӣ-Жер, Сада 1, Оқчечек, Катта-Туз, Маданият ва Ленини ноҳияи Лайлак таҳти тирборон қарор доранд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button