ВидеоҶомеа

СОКИНИ АЙНӢ БАРОИ КУШТАНИ ҚУДОИ СОБИҚАШ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Айнӣ сокини 55-солаи деҳаи Саратоқи ҷамоати Фондарё Аюб Яқибовро бо ҷурми қатли сокини ҳамдеҳа ва қудои собиқаш Розия Холоваи 59-сола ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Аввалин шуда дар бораи ин куштор пойгоҳи хабарии “Бомдод” гузориш дода буд. Манобеи “Бомдод” аз Саратоқ гуфта будан, ки Розия Холова барои Аюб Яқибов нафақат қудои собиқ, балки хеши хеле наздик: духтари амак ва хоҳарарӯсаш ҳам буд.

Ҳукми Яқибов ҳанӯз рӯзи 2 августи соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон тоза акнун, рӯзи 14 сентябр бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кард.

Бино ба иттилои Додситонии кул, 11 августи соли 2018 Холова Розия, сокини деҳаи Саратоқ хоҳарзодааш Шоистаи Аюбро ба писараш Холов Меҳваршо хонадор кард, вале бинобар нофаҳмиҳои зиндагӣ оилаи онҳо вайрон шуд ва онҳо  расман соли 2020 аз ҳам ҷудо шуданд.

Маркази матбуоти додситонӣ мегӯяд: “Яқибов Аюб аз ин нисбат ба Холова Розия  хусумат пайдо карда, нақшаи куштори ӯро тарҳрезӣ менамояд. 13 июни соли 2022 Аюб Яқибов  огоҳ гардид, ки Холова Розия аз Русия баргашта, дар хонааш қарор дорад. Барои амалӣ намудани нақшаи куштани Холова, ки пешакӣ тарҳрезӣ намуда буд, Яқибов  машруботи спиртиро истеъмол намуда, аз пайи ба қатл расониданӣ Холова Р. мешавад. Субҳи 14 июни соли 2022, тахминан соати 08-00 ӯ  бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии Холова Р. рафта, дар саҳни ҳавлӣ Холова Р.-ро дида бо мақсади ба қатл расонидан, бо корд ба қисмати шикам, дил ва тахтапушт зарбаҳои ҷонкоҳ расонида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Худи ҳамон рӯз Холова Р.  ҳангоми аз ҷониби хешовандонаш ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 интиқол додан аз ҷароҳатҳои зиёди дар узвҳои ҳаётан муҳими  баданаш гирифта ба ҳалокат расидааст”.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки  шаҳрванд Яқибов Аюб, соли таваллудаш 1967, зода ва сокини деҳаи Саратоғи ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ ҳамчун гумонбар дар қатли қудои собиқаш бо изи гарм дастгир карда шуд.

ВКД гуфт, Яқибов субҳи барвақти 14 июни соли 2022 хушдомани собиқи духтараш Холова Розия Ҳомидовна, соли таваллудаш 1963, сокини деҳаи Саратоғро дар хонаи истиқоматиаш бо корд зада, ба ҳалокат расондааст. Гуфта мешуд, ки Яқибов ҳангоми куштани қудои собиқаш бо вуҷуди онки ҳанӯз субҳи барвақт буд, дар ҳолати мастӣ қарор дошт.

Манобеи “Бомдод” қаблан гуфта буданд, ки Аюб холаи Розияро тақрибан соати 5 то 6 куштааст.

ВКД гуфт, ҷудо шудани писари Розия Холова аз духтари Аюб Яқибов боиси хусумати давомдор байни ду авлод шуд, ки дар ниҳоят ба чунин фарҷоми хунин овард.

Худи Аюб Яқибов дар барномаи “Ахбори ВКД” ҳодисаро чунин нақл кард: “Дар айвони хонааш аввал салом карда, сипас бо корд як бор ба шикамаш задам. Баъди ин дасташро сар додам, афтод, ман боз ба тахтапушташ корд задам.  Зарбаи сеюми корд дигар дар ёдам нест. Аз ҳамин ҷо ман ақиб гаштам…”

Ҷабрдида барои қотил нафақат қудои собиқ, балки хешованди наздик: духтари амак ва хоҳари ҳамсараш низ буд. Розия Холова, бар асоси натиҷаҳои ташхис, дар натиҷаи се захми корд аз ноҳияи қафаси сина, шикам ва тахтапушташ, ҷон бохт.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла қатли ҳамсарон аз дасти шавҳарон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд.

Ахиран ВКД дар бораи боздошти як сокини қаблан судшудаи ноҳияи Панҷ хабар дод, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ падари 78-солаашро зада куштааст.

Ҳамин тавр, ВКД хабар дод, ки як сокини 40-солаи Ваҳдат шаби 24 июн ҳамсари 32-солаашро дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ бо ду зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button