ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НАЗДИКӢ БА ҶОИ ПАДАРАШ ПРЕЗИДЕНТ ХОҲАД ШУД

 Манобеи гуногун аз дохили ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки нақшаи аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президенти ҷумҳурӣ метавонад алакай дар тирамоҳи соли ҷорӣ амалӣ карда шавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, як ҳадафи боздиди қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин, ки сафари алакай дуюми ӯ ба Тоҷикистон дар  се моҳи охир хоҳад буд, низ ба ҳамин нақшаи интиқоли қудрат рабт мегирад.

“Путин аз як тараф, Эмомалӣ Раҳмонро бо 70солагиаш шахсан табрик карданӣ аст. Дар зимн ӯ ба Рустами Эмомалӣ ҳам фотиҳаи кор хоҳад дод, ки роҳи падарро давом диҳад”,  гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” аз Душанбе.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ ва Путин  ду рӯз баъди ӯ, рӯзи 7 октябр ба синни 70 мерасанд. Барои Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябр боз як санаи таърихии дигар аст: Рӯзи 16 ноябр ба оғози раёсати ӯ бар Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

“Агар ягон ҳолати форс мажоре пеш наояд, Эмомалӣ Раҳмон, ба эҳтимоли зиёд моҳи октябр дар ҷашни 70солагиаш дар доираи оила нақшаи ба Рустам супурдани курсиашро эълон мекунад ва  расман, моҳи ноябр дар ҷашнҳои бахшида ба 30солагии раҳбариаш ин нақшаро барои умум эълон хоҳанд кард”, мегӯяд як нафари наздик ба марказҳои тасмимгир дар  Душанбе.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигари мо, “агар қаблан дар доираи оила ва ҳукумат дар масъалаи президент шудани Рустам бархе ихтилофи назарҳо вуҷуд дошт, ҳоло дар ин масъала иттифоқи назарҳо ба даст омадааст. Мухолифони президентии Рустам диданд, ки ин кор дигар ба як амри ногузир табдил меёбад ва бояд худро ба чунин равиши ҳодисот мувофиқ кунанд.”

То кунун мухолифони президентшавии Рустами Эмомалӣ, бахусус аз ҷиноҳи ба истилоҳ “ястребҳо” дар дохили ҳукумат ба амалӣ сохтани ин нақша розӣ набудани Маскав ва шахсан Путинро далел меоварданд. Вале ҷанги Украина Путинро дар шароите қарор дод, ки ба ҳар як иттифоқчӣ дар арсаи байналмилалӣ ниёз пайдо кардааст ва дигар он нозу нузҳое, пеш ба президентҳои кишварҳои Шӯравии собиқ намоишкорона нишон медод, ҳама моли таърих шуданд. Пешвозгирии пуршукӯҳе, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи июн зимни боздиди охирини Путин аз Душанбе кард, бо ҳама он ғарам ё пирамидаҳо ва ҷӯйҳову фаввораҳои аз меваву сабзавот биношуда, ба гуфтаи афроди огоҳ, дар ин шароити инзивои байналмилалӣ Путинро сахт мутаассир сохт.

Чанд иқдоми ахири Маскав, аз ҷумла “созмони террористӣ” эътироф кардани ҳизби наҳзат, ки то кунун сарсахтона ин дархости Душанберо нодида мегирифт, баёнгари он аст, ки Путин нафақат метавонад ба ҳамин осонӣ президентии Рустамро низ ҳамчун як амри ногузир бипазирад, балки ташаббуси бештаре аз худ нишон дода,  ба ӯ ҳамчун як “оқсақол” фотиҳаи кор ҳам бидиҳад.  Барои мисол, дар Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бидуни ягон машварат ва пурсидани фикри Русия курсии президентиашро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов супурд ва касе лом ҳам гуфта натавонист.

“Дар Тоҷикистон низ имрӯз дигар на “ястребҳо”, на домодҳо ё афроди дигар аз дохили худи оилаи президент дигар тавон ва ҳавсалаи идомаи мухолифат ба президентии Рустамро надоранд. Ҳоло танҳо мавзӯе, ки онҳоро нигарон нигоҳ медорад ва дар пайи ҳаллаш ҳастанд, ҳифзи мансабу мақом ва нуфузу ҷойгоҳашон дар ҳукумати ояндаи Рустами Эмомалист”, мегӯянд манобеи “Бомдод”.

Нақшаи аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш супурдани курсии президентӣ чанд сол боз дар дастури кори доираҳои ҳокими Тоҷикистон қарор дорад. Ҳанӯз дар соли 2016 дар Тоҷикистон Қонуни асосиро тағйир дода, синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро аз 35 то 30 пойин оварданд. Ҳама мегуфт,  мақсад аз ин тағйирот ҳамвор кардани роҳи президентӣ барои Рустами Эмомалист, ки он вақт ҳамагӣ 29 сол дошт.

Вале баъди 30сола шудани писари калонии президент ҳам амалӣ сохтани нақшаи интиқоли қудрат аз падараш ба ӯ чанд дафъа ба тағйир афтод. Ибтидо қарор буд, ки ин кор дар интихоботи президентии соли 2020 ҷомаи амал пӯшонда шавад. Вале дар он интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худашро пешбарӣ кард ва даврони раёсаташро боз ба 7 соли дигар, то соли 2027 тамдид кард.

Баъдан хабарҳое ба гӯш расид, ки Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли 2021, баъди ҷашни 30солагии истиқлоли Тоҷикистон курсиашро ба Рустам месупорад, вале як сол пеш Толибон қудратро дар Афғонистон ғасб карданд ва мухолифони президентшавии Рустам бо истифода аз ин омил тавонистанд Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид кунанд, ки вазъият печида асту ҳоло вақти рафтани ӯ нест.  Аммо ин дафъа, зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки касе пеши роҳи аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари 34солааш гузаштани курсии президентиро гирифта наметавонад. Албатта, агар боз ҳам  ҳолате форсмажор ё баҳонае ҷиддӣ ба дасти мухолифонаш наояд.

Рустами Эмомалӣ 34 сол дошта, аз соли 2017 шаҳрдори Душанбест. Соли 2021 ӯ раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва ҳамчун раиси палатаи болоии парлумон, тибқи Қонуни асосӣ, расман раҳбари дуюми Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мардум умедворанд, ки Рустами Эмомалӣ  ҳамчун намояндаи насли нав даст ба ислоҳоти ҷиддӣ мезанад ва як Тоҷикистону наву муосир бино хоҳад кард. Ҳадди ақал ба гунае, ки Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон баъди Ислом Каримов кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button