ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ПУЛИ “ОПЕЛ”-РО НАДОД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 28-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022 марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», ки арзишаш 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли гузашта 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button