ВидеоКоррупсияМуҳоҷирон

ДАР СУРГУТ АЗ МУҲОҶИРОН ҲАТТО БАРОИ ТАЛОН БАРОИ НАВБАТИ ПАТЕНТ ПУЛ МЕСИТОНАНД (ВИДЕО)

Як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Сургути Ҳавзаи мухтори Ханти Манси дар шимоли Русия ба идораим пойгоҳи хабарии “Бомдод” муроҷиат карда,  бо ирсоли як видео хабар дод, ки дар ин шаҳр як гуруҳи корчаллон ва қаллоб фурӯши талонҳо барои супоридани ҳуҷҷатҳо барои сабти ном ва патентро ба роҳ мондаанд ва ҳар муҳоҷир фақат барои онки талон барои истодан дар навбатро бигирад, бояд ба ин ширкати миёнарав 4750 рубл, ё беш аз 70 доллар пардохт кунад.

 Ин муҳоҷири тоҷик, ки бино ба мулоҳизаҳои амниятӣ номашро нашр намекунем, мегӯяд, то пандемияи коронавирус ин талон ройгон буд ва  дарёфт карданаш, ҳеҷ мушкил надошт. Дар давраи пандемия талони навбати патент тавассути телефон тақсим карда мешуд, ки низ мушкили зиёде надошт.

Вале, меафзояд мусоҳиби мо, “инак чанд моҳ мешавад,ки  як гурӯҳи манфиатҷӯ, ки дар ҳамон бинои Маркази савдои “Балтийский”, дар тарафи дигари ФМС иҷора мешинанд,   ин талони ҳамеша бепулро гирифта,  пулакӣ кардаанд. Ва барои гирифтани талон ман бояд аз соати 2 ё 4 и саҳар равам, номнавис кунам. Боронӣ аст ҳаво ё сард аст, фарқ надорад, чунки дигар илоҷ надорем. Ман, ки  20 рӯз пеш аз Тоҷикистон ба Сургут омадам, пул надорам барои хариди талон. Вақте муроҷиат кардам ба ФМС, як рақам доданд, ки занг зан барои гирифтани талон. Ман қариб 15 рӯз боз аз саҳар то шаб занг мезанам, ҳеҷ кас ҷавоб намедиҳад. Телефон доим як паём мдиҳад, ки “машғул аст”. Ман бо рақамҳои боварии ФМС ҳам занг задам оиди ин масъала, вале  роҳи ҳалашро нагуфтанд ва ягон чора наандешиданд”.

 Ба  ин тартиб,  ин миёнаравҳо ҳоло аз ҳар муҳоҷир барои талони навбати супоридани патент 4750  рубл,  барои сабти ном 3500 рубл, барои ҳаққи иқомат 8000 рубл ва барои шаҳрвандии Руси 10 ҳазор рубл мепурсанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ин талон дар тамоми Русия бепул аст ва фақат дар Сургут пулакиаш кардаанд. Ӯ мегӯяд, 7 сол боз барои кор ба Русия меояд, вале имсол бори аввал дид, ки ҳатто барои навбат истодан муҳоҷир бояд ба миёнаравҳо пул диҳад.

Ӯ умедвор аст, ки расонаӣ кардани ин масъала метавонад ин мушкилро аз байн бардорад ва кори муҳоҷиронро осон кунад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагиашон ба Русия мераванд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ахиран бо ироаи як омори фантастикии начандон боваркарданӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик  дар Русия ҳар сол  ба буҷаи ин кишвар танҳо аз ҳисоби патент тақрибан 900 миллион доллар даромад меоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button