ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

5 АКС: ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ИСФАРАЮ БОДКАНД ОРОМ ШУДААСТ

Бино ба охирин хабарҳои расида аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон, вазъ дар байни Исфараю Бодканд дар пайи силсилаи муноқишаҳои хунини рӯзи 14 сентябри соли 2022 рӯ ба оромӣ овардааст. Сокинони деҳаҳои марзии Исфара ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки шаби гузашта ва субҳи 15 сентябр аз тарафи марз дигар садои тирпарронӣ ба гӯш намерасид ва тавре дар роҳҳо дида мешавад, ҷонибҳои техникаи ҳарбӣ ва нирӯҳои иловагии ба марз фиристодаашонро пас кашида истодаанд ва мардум низ дар ҳарду тарафи марз, бино ба мушоҳидаҳо, оромона дунболи кору бори худ шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон дигар расман дар бораи вазъ дар марз ягон изҳороти нав надодааст, вале хадамоти матбуоти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон субҳи 15 сентябр гуфт, шаби гузашта қӯшунҳои марзбонии ду кишвар техникаи ҳарбӣ ва нирӯҳои иловагии ба марз фиристодаашонро пурра пас кашиданд. Бино ба ин манбаъ, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором шудааст ва шаби гузашта дар ин марз ягон ҳодисаи фавқулодда рух надодааст.

 “Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, ҷонибҳо дар давоми шаби гузашта ба макони будубоши доимиашон пас кашидани нирӯҳову васоили иловагиро ба нҷом расонданд ва воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дидбонии муштараки манотиқи наздимарзӣ пардохтанд. Дар қитъаҳои ташхисношудаи марз, ки дар он ҷойҳо муноқишаҳо ба амал омад,  марзбонҳо гузошта нашуданд”, – гуфта мешавад дар баёнияи Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон.

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд низ бо нашри чандин акс аз манотиқи марзӣ хабар дод, ки вазъ дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон дар тӯли шаби гузашта “дар умум ором” буд ва тартиботро дар деҳаҳои наздимарзӣ гуруҳҳои муштараки дидбонии милитсияи ду кишвар назорат мекарданд. Ин ниҳод гуфт, кормандони милитсия дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ низ бурда истодаанд.

Рӯзи 14 сентябр дар се задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар се мавзеи марзи Исфара бо Бодканд ду марзбони тоҷик кушта шуда, аз тарафи Тоҷикистон боз 11 нафари дигар (6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ) ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон хабар дод, ки аз тарафи онҳо 5 нафар, аз ҷумлу 2 марзбон ва 3 сокини маҳаллӣ, бо шумули як кӯдаки 11-сола ҷароҳат бардоштаанд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи тирпаррониҳо айбдор мекунанд.

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр дар мавзеи Радар музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки раисони вилоятҳои Суғду Бодканд,  шаҳдори Исфара ва раиси ноҳияи Бодканд ва намояндагони мақомоти марзбонию ҳифзи ҳуқуқи ду тараф доир шуд. Дар даври аввали музокирот дар мавриди ба макони будубоши доимиашон пас кашидани нирӯҳои иловагии ба марз эъзомшуда, ташкили нуқтаҳои идораи муштараки вазъ ва таъйини масъони назорати вазъ аз ҳарду ҷониб аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавофуқ ба даст овардааст.  Қарор аст, музокираҳо рӯзи 15 сентябр идома дода шаванд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

АКСҲО: РКД ВИЛОЯТИ БОДКАНД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button