ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНИИ НАВБАТӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Субҳи 14 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ сурат гирифт. Ҷониби Тоҷикистон ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, тирпарронӣ байни марзбонҳои ду кишвар ба амал омадааст.

Ҷониби Қирғизистон гуфт, тирпарронӣ дар мавзеи Булакбошии ноҳияи Бодканд сурат гирифтааст, Сокинони Ворух ба “Бомдод” хабар доданд, ки субҳи 14 сентябр тирпарронӣ дар мавзеи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворухи Исфара рӯй додааст. Ҷамоати Ворух ҳоло аз 4 тараф дар иҳотаи деҳаҳои қирғизнишин дармондааст ва танҳо як роҳи мошингарди Ворух – Хоҷаи Аъло ин ҷамоатро бо Исфара ва боқӣ қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба фарзияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, як дастаи марзбонони қирғиз дар мавзеи Булакбошӣ гуруҳи марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки “бар хилофи тавофуқоти қаблан бадастомада дар як қитъаи ташхисношудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд”. Марзбонҳои қирғиз талаб кардаанд, ки марзбонҳои тоҷик ин мавзеъро тарк кунанд ва гӯё баъди ин марзбонҳои тоҷик тир кушода, аз миномётҳо низ истифода бурдаанд. Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, баъди ин марзбонҳои қирғиғз низ оташи ҷавобӣ кушодаанд ва тирпарронӣ шурӯъ шуда, камокон тақрибан то соати 10 давом кардааст.

Ҳоло тирпарронӣ дар марз қатъ шудааст. Хушбахтона, бино ба иттилои ҷониби Қирғизистон, касе осеб надидааст ва феълан вазъ дар марз ором аст.

Дар пайи ин тирпарронӣ сардори раёсати нирӯҳои марзбонии вилояти Бодканд полковник Хиёлбек Толонбоев (Кыялбек Толонбаев) ва сардори раёсати марзбонии вилояти Суғд генерал-майор Х. Пиракзода телефонӣ музокирот анҷом додаанд ва ба дунбол, раисони вилоятҳои Бодканду Суғд Абдукарим Олимбоев ва Раҷаббой Аҳмадзода вориди музокирот шудаанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button