ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОМОН ЭЙР ШУМОРАИ ПАРВОЗҲОЯШРО БА ДУБАЙ ЗИЁД НАМУД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе то се парвоз дар як ҳафта афзоиш медиҳад. Минбаъд ширкат парвозҳоро ба самти Дубай рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе анҷом медиҳад. Рӯзҳои сешанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 06:30, аз Дубай соати 10:25, рӯзҳои панҷшанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 03:45, дар самти баргашт – 07:55, рӯзҳои шанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 20:00, аз Дубай – 00:10 (шаби якшанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

 Тибқи талаботи мақомоти авиатсионии Амороти Муттаҳидаи Араб, мусофироне, ки аз Душанбе ба Дубай парвоз мекунанд, бояд шаҳодатномаи ваксинзаниро ба забони англисӣ бо рамзи QR, ё шаҳодатномаи санҷиши COVID-19-ро (ПСР-тест) бо натиҷаи манфӣ ба забони англисӣ пешниҳод кунанд. Мусофироне, ки ба Душанбе меоянд, бояд шаҳодатномаи гирифтани ваксинаро дошта бошанд. Дар ҳолати надоштани шаҳодатномаи ваксинагирӣ аз мусофирон шаҳодатномаи ПСР-тест талаб карда мешавад. Ба кӯдакони то 3-сола шаҳодатнома лозим нест.

 Парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат буда, ин ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон феълан ба Олмон, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button