ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ФОҶИАВИИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАР АСАРИ ТАРКИШ ҲАНГОМИ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА

Як ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон, ки ба ҳайси ронандаи трактор дар деҳаи Торосовои ноҳияи Волосовои вилояти Ленингради Русия ба ҷамъоварии ҳосили картошка машғул буд, дар натиҷаи таркидани як снаряди аз замони Ҷанги бузурги ватанӣ бозмонда ба ҳалокат расидааст. Торосово дар тақрибан 70километрии ҷанубуғарби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҷавони тоҷик ҳангоми ҷамъоварии картошка дар байни ҳосили ҷамъкардаи трактораш як снарядро дидааст, ки трактор онро ҳам аз қабати замин берун оварда буд. Ҷавон нофаҳмида он пораи оҳанро ба даст мегирад ва дар ҳамин вақт снаряд ногаҳон метаркард.

Дар натиҷа, таркиш панҷаи дасти рости ҷавони тоҷик канда, партофтааст. Ӯро дар ҳолати вазнин бо панҷаи канда ва ҷароҳатҳои дигар ба бемористони Волосово бурдаанд, вале мутаассифона, табибон натавонистаанд, ки ҷавонро аз панҷаи марг наҷот диҳанд.

Бино ба иттилои пулис, ин ҷавон ҳамагӣ як моҳ қабл аз Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия омада, дар деҳаи Муратовои ноҳияи Волосово сабти номи расмӣ дошт.

Раёсати тафтишоти вилояти Ленинград ба санҷиши ин қазия шурӯъ кардааст ва ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии оилаҳои худ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун то 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Танҳо дар нимаи аввали соли 2022 аз хориҷ ва асосан аз Русия ба  Тоҷикистон барои гӯручӯб 486 ҷанозҳаи муҳоҷирони тоҷики дар кӯи мусофират фавтидаро оварда буданд. Ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор ва ҷои зист як иллати умдаи марги муҳоҷирон дар Русия дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button