ВидеоКоррупсия

МАНСАБИ РАИСИ “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР ВОДИИ РАШТРО 65 ҲАЗОР ДОЛЛАР “НАРХ” КАРДААНД

Кормандони раёсати корҳои дохилии  минтақа ва ноҳияи Рашт зӯҳри 12-уми сентябри соли 2022 Муродов Искандар Кишварович, сокини 55-солаи деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ин ноҳияро бо гумони даст доштан дар як силсила қаллобиҳо ба маблағҳои бузург дастгир кардаанд.  Бино ба иттилои манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Искандар Муродов дар асоси аризаҳои шаҳрвандони фиребхӯрда боздошт шудааст.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод”, ки аз ҷараёни ин парванда огоҳ аст, хабар дод, ки Искандар Муродов аз ҷумла чанд сол қабл ҳамроҳ бо бародараш Фаридун Муродов ба боварии шаҳрванд Ҳ.Т. даромада, бо ваъдаи таъйин кардани ӯ ба вазифаи роҳбари идораи ширкати “Барқи Тоҷик” дар минтақа ва ноҳияи Рашт аз Ҳ.Т.  шасту панҷ ҳазор доллари ИМА (65 000$) гирифтаанд. Вале бародарони корчаллон ин маблағи ҳангуфтро ба нафъи хеш истифода бурда, ба манфиати Ҳ.Т. ягон кор анҷом надодаанд ва ӯ бо вуҷуди додани ин маблағи бузург натавонистааст ба мақоми раҳбари шабакаҳои барқи водии Рашт бирасад.

Инчунин Искандар Муродов, бино фарзияи тафтишот, дар як мавриди дигар ба боварии як сокини деҳаи Алӣ- Галабони ноҳияи Нуробод даромада, бо роҳи фиреб  аз вай 40 000 сомонӣ гирифта, ин пулро ҳам аз они худ намудааст.

Худи Искандар Муродов ваё наздикон ва адвокаташ барои шарҳи қазия дастрас нест. Вале манобеъи огоҳ мегӯянд, ки  дар маҷмӯъ то имрӯз 12 шаҳрванд аз болои Искандар Муродов ба мақомоти милитсияи водии Рашт шикоят бурдаанд. Маблағи умумии зарари ба онҳо расонидаи Муродов зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Муродов Искандар соли 1967 дар деҳаи Яшм  ба дунё омада, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад. Ӯ аз се зан 10 фарзанд дорад, вале дар ягон ҷо кор намекунад.

Дар ин авохир ин алакай дуюмин мавриди боздошти шаҳрвандон бо иттиҳоми фурӯши мансабҳо дар сохторҳои ширкати “Барқи Тоҷик” аст.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 5 сентябри соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва баъди тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳ супурдани як парвандаи нодири коррупсионӣ хабар дод. Як мансабдор аз ноҳияи Рӯдакӣ дар ин парванда ба фурӯши мансаб айбдор мешавад.

Маркази матбуои Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Сӯҳроби Рустамхон дар вазифаи роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи мақоми хизмати аз шаҳрванд “А” барои ба вазифаи сарнозири зеристгоҳи барқии “Роҳатӣ” 35/10кВ, “Шарқӣ” 110/35/6 кВ-и Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ таъин намуданаш маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифтааст”.

Дар Тоҷикистон фурӯши мансабҳои ба қавли маъруф “равғанин”, аз ҷумла дар сохторҳои масъули ҷамъоварии пули нирӯи барқ ба як амри маъмул табдил ёфтааст. Вале мавридҳои ошкор кардану ба ҷавобгарӣ кашондани мансабдорон барои мансабфурӯшӣ дар кишвар хеле ангуштшуморанд.

Сохторҳои соҳаи нирӯи барқ дар Тоҷикистон, бахусус бахши ҷамъоварии пули барқ яке аз сохторҳои аз ҳама фасодзада дар кишвар ба шумор меравад. Солтосол афзудани инак ба 32 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 3 миллиард доллар расидани қарзи ширкати “Барқи Тоҷик”-ро бисёре аз нозирон натиҷаи ҳамин сатҳи баланди фасод дар ин соҳа мешуморанд.

Ҳукумати Тоҷикистон алакай чандин бор қарзҳои ин ширкатро бахшид ва барояш аз буҷаи давлатӣ маблағҳои бузург ҷудо кард, вале ин ҳама ба коми аждаҳои фасод рафт. Ахиран мақомот ширкати “Барқи Тоҷик”-ро ба се сохтори алоҳида тақсим карданд. Пешгирӣ аз фасод ва раҳоии соҳа аз буҳрони молиявӣ ва чоҳи қарзҳо як ҳадафи умдаи ин ислоҳот ном бурда мешавад. Вале нозирон мегӯянд, агар коррупсия дар сохторҳои “Барқи Тоҷик” решакан нашавад, гумон аст, ки он аз вартаи қарзҳои чандмиллиарддоллариаш раҳо ёфта битавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button