ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПАДАРУ ДУХТАР ДАР ЯК САДАМА ДАР МАСТЧОҲ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  боз аз як садамаи марговар хабар дод. Бино ба иттилои ВКД, субҳи барвақти 12-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 06:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Рисбоев Баҳодур Саркабоевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Рисбоев Б.С. ва духтари ноболиғаш Рисбоева Гулсевара Баҳодуровна, соли таваллудаш 2006, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дигар мусофирони дохили автомашинаи мазкур, ҳамсараш Рисбоева Зуҳро Абдумаҷидовна, соли таваллудаш 1978 ва писари ӯ Рисбоев Асадбек Олимбекович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button