ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 25 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ТЕРМИНАЛҲОИ “ДУШАНБЕ СИТИ” ДАР БОХТАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 13 сентябри соли 2022 хабар дод, ки як наврас аз ноҳияи Кушониён бо гумони дуздии 25 ҳазор сомонӣ аз терминалҳои  “Душанбе Сити Бонк” дар шаҳри Бохтар дастгир гардидааст.

Бино ба иттилоияи ВКД, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар роҳбарияти ҶСП “Душанбе-Сити Бонк” муроҷиат намудааст, ки 4-ум ва 6-уми сентябри соли 2022, шахси номаълум аз дохили якчанд терминалҳои маркази хизматрасонии бонки мазкур дар шаҳри Бохтар маблағи пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин, бино ба хабари дигари ВКД, Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 11-уми сентябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 8 ҳазор сомонӣ ва якчанд намуд ҷавоҳироти тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button