ВидеоТоҷикистон

САЙЁҲИ РУС ЛАҲЗАИ ҲАЛОКАТАШ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БО ВИДЕОКАМЕРА САБТ КАРДААСТ (ВИДЕО +18)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 12 сентябри соли 2022 бархе тафсилоти  ҳангоми парвоз бо параплан дар кӯҳҳои дараи Харангони ноҳияи Варзоб, воқеъ дар тақрибан 25-километрии шимоли шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидани байкер ва ҷаҳонгарди рус Павел Чернов, маъруф ба Павел Мотовоз ё Паша Мотовозро нашр кард.

 Бино ба иттилои Кумита, рӯзи 10 сентябри соли 2022, соати 11:20 ба вақти маҳаллӣ, як корманди пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додааст, ки ҳангоми парвоз бо параплан дар кӯҳҳои минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб Павел Чернов, соли таваллудаш 1984, зода ва сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия суқут кардааст.

 “Гуруҳи навбатдори наҷотбахшон ва табибони раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯиву наҷотбаъшии Кумита билофосила ба ҷои ҳодиса рафт. Наҷотбахшон баробари расидан ба амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ пардохтанд. Маълум шуд, ки ӯ ҳаноми парвоз имкони идораи парапланро аз даст додааст ва ҷароҳатҳои ҳалокатбор бардошта,  дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ӯ дар дастгоҳи парвозкунанда танҳо буд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикону пайвандони Павел Чернов ба ҳамаи дӯстдорони навъҳои экстремалии варзишу истироҳат хотиррасон кардааст, ки бояд ҳадди аксари эҳтиёт ва қоидаҳои бехатариро қатъан риоя кунанд.

Қаблан аз Петербург хабар расида буд, ки Наталя, ҳамсари Павел Мотовоз мехоҳад пул ҷамъ оварда, барои овардани ҷасад ба Тоҷикистон биравад.

Паша Мотовоз дар байни байкерҳои пойтахти шимолии Русия як шахсияти машҳур буд.  Паша Мотовоз ба тиҷорати мотосиклҳо машғул буд ва парапланеризм яке аз навъҳои варзишҳои экстремалие буд, ки ӯ дӯст медошт.

Ӯ дар Тоҷикистон барои як сафари тиҷоратӣ омада буд, вале вақте фаҳмидааст, ки дар инҷо имкони парвоз бо параплан вуҷуд дорад, дилаш тоқат накардааст ва ду рӯз паиҳам – 9 ва 10 сентябр – барои анҷоми парвозҳо аз Душанбе берун рафтааст.

Паша Мотовоз ҳамаи парвозҳои худро бо видеокамераи дар таҷҳизот ё экипировкааш насбшуда сабт мекард. Ӯ аз ҷумла парвози рӯзи 9 сентябр анҷомдодааш дар Харангонро нафақат сабт кард, балки онро дуруст карда, дар ҳаҷми 16 дақиқа дар каналаш дар Ютуб гузошт.

Субҳи 10 сентябр, дар Харангон камераи дар таҷҳизоти Павел Мотовоз насбшуда лаҳзаи парвози охирини ӯро ҳам сабт кардааст. Вале марг ба ӯ дигар маҷоли дуруст кардану дар Интернет гузоштани ин видеоро надод. Ин сабтро баъди марги ӯ ҳамсари мотамзадаи Павел Мотовоз дар ихтиёри журналистон гузошт.

ТАВАҶҶУҲ! ИН ВИДЕО 18+ АСТ, ОНҲОЕ, КИ ДИЛАШОН СУСТ АСТ Ё АСАБИ СУСТ ДОРАНД, ТАМОШО НАКУНАНД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button