ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК НАВРАСИ 14-СОЛА АЗ ДУШАНБЕ ДАР КАНАЛИ КАЛОНИ ҲИСОР ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 сентябри соли 2022, тақрибан соати 13:00, як навраси  14-солаи сокини Душанбе ҳангоми оббозӣ дар Канали калони Ҳисор, ки оббозӣ дар ин канал қатъиян мамнӯъ мебошад, ғарқ шудааст.  Барои ҷустуҷӯи ҷасади навраси ҷавонмарг наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ҷалб шуда буданд ва рӯзи 11 сентябр ҷасадро 15 метр поёнтар аз ҷои ғарқ шудани наврас пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 11 сентябри соли 2022, тахминан соати 18:20 дар теппаҳои воқеъ дар атрофи деҳаи Оқтоқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сӯхтор ба амал  омадааст. Кормандони Хадамоти сӯхторнишонии ВКД ва наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе барои фурӯ нишондани ин сӯхтор сафарбар шуда, тавонистаанд то соати 20:20 оташро пурра хомӯш кунанд. Майдони сӯхтор 1 гектарро ташкил додааст. Хушбахтона, касе осеб надидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса аз сокинон хостааст, тамоми қоидаҳои зидди сӯхторро риоя ва манзилу молу мулк ва ҳаёти худро аз оташ эҳтиёт кунанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button