ВарзишМуҳоҷирон

ТАШКИЛИ ЧЕМПИОНАТИ ФУТБОЛ БАЙНИ 9 ДАСТАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР УРАЛ

Рӯзи 10 сентябри соли 2022 дар варзишгоҳи “Локомотив” дар шаҳри Екатеринбурги Русия  маросими ифтитоҳи чемпионати футболи ҳавзаи Урал байни дастаҳои муҳоҷирони тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни минтақаи Урал барои ҷоми созмони “Дидор” баргузор шуд. Дар ин чемпионати байни муҳоҷирони тоҷик 9 даста аз вилоятҳои Свердловск, Челябинск ва Туюмен иштирок мекунанд.

Бино ба гузориши сомонаи Islamnews.ruрӯзи 10 сентябр дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқаи ғайриоддӣ байни дастаҳои футболи муҳоҷирони тоҷик дар варзишгоҳи “Локомотив” дар шаҳри Екатеринбург консули генералии Тоҷикистон дар  Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи расмии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва ҳамчунин ташкилкунандагони ин чемпионати ҳавзавӣ аз созмони минтақавии ҷамъиятии  мусоидат ба ҳифзи худшиносӣ, забон ва фарҳанги миллии ҷамъияти тоҷикон “Дидор”   иштирок кардаанд.

Дар оғози маросим аввал гимнҳои давлатии Русия ва Тоҷикистон садо доданд ва сипас раҳбари созмони “Дидор” Мастбегим Ошурбекова, намояндаи дигари ин созмон Ахтар Мирозоров, консули Тоҷикистон Зафар Сайидзода ва намояндаи идораи муҳоҷират Беҳрӯз Холиқов варзишгаронро бо оғози ин мусобиқа табрик гуфтаанд.

Гуфта мешавад, аъзои 9 даста аз вилоятҳои Свердловск, Челябинск ва Тюмен, ки барои дарёфти Ҷоми созмони “Дидор” вориди мубориза мешаванд, суханрониҳои табрикиро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. Дар анҷоми маросим Мастбегим Ошурбекова аз номи созмони “Дидор”  консули Тоҷикистон Зафар Сайидзода ва намояндаи мақомоти муҳоҷират Беҳрӯз Холиқовро барои ҳамкории созанда ва муассир бо ҷамъияти тоҷикон  бо номаҳои сипос қадрдонӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button