ВарзишВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ БАЙКЕРИ РУС ПАША МОТОВОЗ БАР АСАРИ СУҚУТИ ПАРАПЛАН ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 10 сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон, дар наздикии Душанбе бар асари суқути паралплан сокини 38-солаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия  Павел Чернов ба ҳалокат расид, Ӯ дар байни байкерҳои пойтахти шимолии Русия бо номи Паша Мотовоз машҳур буд.  Паша Мотовоз ба тиҷорати мотосиклҳои машғул буд ва парапланеризм яке аз навъҳои варзишҳои экстремалие буд, ки ӯ дӯст медошт.

Ҳамсари Павел Чернов Наталя хабари марги шавҳарашро аз мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дарёфт кардааст. Паша Мотовоз, ки шуғли асосиаш тиҷорати мотосикл буд,  бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ субҳи 10 сентябр ба Душанбе рафтааст, то бо параплан парвоз кунад. Вале аз қазо параплане, ки ӯ парвоз дошт, суқут кардааст.

Ҳоло ҳамсараш мехоҳад пул ҷамъ оварда, барои овардани ҷасад ба Тоҷикистон биравад.

Охирин парвози Паша Мотовоз ва лаҳзаи суқуташро видеокамераи параплан сабт кардааст. Ин сабти мудҳишро нашрияи чопи Петербург “Невские новости” нашр кард.

ТАВАҶҶУҲ! ИН ВИДЕО 18+ АСТ, ОНҲОЕ, КИ АСАБИ СУСТ ДОРАНД, ТАМОШО НАКУНАНД!

Дар бораи марги фоҷиавии Паша Мотовоз паблики саҳифаи расмии клуби байкерҳо “Мотосолидарность” дар шабакаи “ВКонтакте” низ хабар дод. Дар иттилоияи ин клуб чунин гуфта мешавад:

“Дӯстони азиз.

Яке аз шахсиятҳои аз ҳама барҷастае, ки асоси ҷамъияти байкерҳои Питерро ташкил медод, аз олам рафт. Паша Мотовоз ҷон бохт. Чунин афроди самимӣ, дилкушод ва дар айни замон хоксор хеле каманд, дӯстони азиз.

Ӯ марди сухан ва марди амал буд… Боврми кас намеояд, ки Паша дигар бо мо нест, гиря гулӯгирам мекунад. Ҳамагӣ як моҳ пеш дар хонаи меҳмоннавозаш меҳмон будем. Паша хеле зиндагиро дӯст медошт. Чунин инсон набояд бимиранд, чунки бе онҳо ин ҷаҳон ториктар мешавад…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button