ФарҳангЧеҳраҳо

МАРГИ ФОҶИАВИИ МУДИРИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН ВАҲҲОБ ҚУРБОНОВ

Ваҳҳоб Қурбонов, мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва собиқ мудири шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Истаравшан, рӯзи 9 сентябри соли 2022 дар як садамаи пурқурбонӣдар роҳи Хуҷанд – Душанбе дар баромадгоҳи нақби “Истиқлол” дар тарафи ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидааст. Ҷанозаи ин шахсияти фарҳангиро субҳи 10 сентябр дар Истаравшан ба хок супурданд. Ваҳҳоб Қурбонов 61 сол дошт ва бо онки тамоми умри худро сарфи соҳаи фарҳанг кард, то поёни умраш иҷоранишин буд, хонаи худро надошт…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 9 сентябр, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ҷурабеков Улуғбек Шодибекович, соли таваллудаш 1985, сокини шаӽри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чанок” дар ноӽияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда Арипов Уматалӣ Исоқович, соли таваллудаш 1982, сокини шаӽри Ҳисор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дар дохили автомашина тамғаи “Мерседес-Бенс” буда, шаӽрвандон: Маъмурзода Нозим Маъмур, соли таваллудаш 1973 ва Қурбонов Ваҳоб, соли таваллудаш 1961, сокинони шаӽри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҷалилов Шокир, соли таваллудаш 1958, Шодиев Соҳиб, соли таваллудаш 1990 ва ронанда Ҷурабеков У.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки ин мошини “Мерседес” таҳти идораи сокини 37-солаи деҳаи Лакати Истаравшан ба сӯи Душанбе ҳаракат доштааст. Ин ниҳод суръати баланди “Мерседес”-ро сабаби эҳтимолии ин садамаи пурқурбонӣ номидааст.

Марги Ваҳҳоб Қурбонов аҳли фарҳанги Истаравшану Шаҳристонро сахт такон дод.
Раъно Зоирдухт, шоири муқими Истаравшан навиштааст, Ваҳҳоб Қурбонов субҳи 9 сентябр дар ҷаласаи бахшида ба истиқлол дар ҳукумати Шаҳристон иштирок карда, сипас барои кори заруре рухсат пурсида, ба роҳи сафар баромадааст. Раъно Зоирдухт навиштааст, Ваҳҳоб Қурбонов ва ҳамсараш Саодат Шарипова, ки балетмейстер, яъне муаллими рақс асту солҳои охир ба ҳайси роҳбари бадеии кохи фарҳанги №3 кор мекунад, як умр барои соҳаи фарҳанг хидмат мекарданд, вале тамоми умрашон дар хонаҳои иҷора гузашт.  Ӯ менависад, ин марди фидоии фарҳанг дар ниҳоят ҳамин хел бехона аз олам рафт.

Раъно Зоирдухт навиштааст: “Хонуми фарҳангӣ, роҳбари бадеии хонаи фарҳанги рақами 3, хатмкардаи Донишгоҳи санъат ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода (марҳум шавҳараш Ваҳҳоб ҚУрбонов низ хатмкардаи ҳамин Донишгоҳ), бо ихтисоси балетмейстер, Саодат Шарифова солҳои тулонӣ дар самти фарҳанги диёр ҷонфидоёна адои вазифа дораду…ҳай дареғ, хона надорад. Боре савлату такабурашонро барои фаҳмидани суханони у масъулини занон дар андеша буданд? Медонистанд,ки Саодат бо шавҳару ҳамроҳи се фарзанд солҳо иҷора ба иҷора саргардону муҳтоҷи таваҷҷуҳи масъулин буданд?..

Ҳангоми ба ҷанозаи шавҳараш ин субҳи козиб вориди саҳнаи ҳавлии бинои чорошёна гаштем ,фарёдаш боло гашт..МАН ДИГАР ТОҚАТИ ТАҲАММУЛ НАДОРАМ ХУДОҶОН,МАН МАДОРУ ТАВОНОИИ ПЕШ БУРДАНИ ОИЛА НАДОРАМ,ИМТИҲОНҲОЯТ ХУДО ТУЛОНӢ БУД, ЧАРО ЯГОНА МУТТАКОЯМРО АЗ МАН ГИРИФТӢ?, МАН БА ҲАМААШ ТОҚАТ КАРДА БУДАМ,ТОҚАТИ БЕПАДАРИИ ФАРЗАНДОНАМРО НАДОРАМ.. ТОҚАТИ САРГАРДОНИРО ДИГАР НАДОРАМ…ТАВБА, САД ТАВБА БА ДАРГОҲАТ, илова менамуд…

Ваҳҳоб нон наталабид,лаб ба ҳасрат накушод,ки манзил надорад… Ӯ рафт ба манзили Худованд омода карда, абадан рафт ,умедашро аз интизории зиёд кашидан канд.. Дигар хонаи ободу ороставу перостаро Худованд насибат гардонад Ваҳҳобҷон…”

Меҳрубон Зокирӣ дар  Фейсбук бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони Ваҳҳоб Қурбонов марсияи пурсӯзеро дар марги ӯ нашр кардааст, ки аз ҷумла чунин сатрҳо дорад:

Гуфтанд: фалонӣ мурд.

Гуфтам: афсўс, Худо раҳматаш кунад,

одами неке буд.

Чашмҳояш пойтахти меҳрубонӣ буданд.

В-он нигаҳҳои саҳарпартави оинавашаш

осмонӣ буданд.

Дирўз дида будам.

Бардаму солим буд.

Дирўз дида будаму эҳсос накардам,

ки дар саҳифаи кўтоҳи сарнавишташ

охирин мӯҳри чархи золим буд...

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button