ВидеоҲуқуқи инсон

ИТОАТ НАКАРД… МИЛИТСИЯИ ПОЙТАХТ САБАБИ ҲАБСИ РЭПСАРОИ ҶАВОН РАЛИКРО ШАРҲ ДОД (ВИДЕО)

Милитсияи шаҳри Душанбе хабари бо ҷурми итоат накардан ба кормандони милитсия ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани рэпсарои ҷавони 23-солаи тоҷик Рамазон Муродов, мутахаллис ба Раликро тасдиқ кард. Худи Ралик барои шарҳи масъала дастрас нест, вале маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 9 сентябри соли 2022 дар як иттилоияи вижа қазияро чунин шарҳ дод:

“Санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ, шаҳрванд Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, санаи таваллудаш 21.12.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст. Ҳамзамон, номбурда бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе монеагӣ эҷод намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.
  Зимни санҷиш кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда пурра исботи худро ёфтанд ва ӯ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Муродов Рамазон аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд”.

Қаблан наздикони Ралик гуфтанд, ки ӯро рӯзи 5 сентябри соли 2022 дар назди хонаашон дар ноҳияи Шоҳмансур дар пайи як баҳси лафзӣ бо кормандони милитсия дастгир карданд.

Моҳира Муродова, модари Ралик ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки кормандони милитсия либоси мулкӣ дар тан доштанд ва Ралик одамони ношиносро дар даромадгоҳи бино дида, аз онҳо киву чӣ буданашонро пурсуҷӯ кардааст ва дар ин замина ба онҳо вориди баҳс шудааст.Кормандони милитсия  ба наздикони рэпсаро гуфтаанд, ки Ралик бо ин баҳсаш ба кори онҳо халал расондааст.

Ралик асосан дар мавзӯъҳои ишқӣ ва мушкилоти ҷавонони тоҷик дар сабки рэп тарона месарояд. Канали ӯ дар Ютуб RaLiK Official 355 ҳазор обуначӣ дорад ва бархе таронаҳояш аз 2 то наздики 4 миллион тамошобин ҷамъ овардаанд.

Ин нахустин мавриди боздошти рэпсароҳову блогерҳо дар Тоҷикистон дар вақтҳои охир нест.

 Чанде пеш Усмон, як блогер ва рэпсарои шинохтаи тоҷик низ хабар дода буд, ки ӯро барои баҳс бо як блогер 10 шабонарӯз ҳабс карданд. Ҳамин тавр, сардори милитсияи шаҳри Норак ахиран аз боздошти як блогери маҳаллӣ баъди нашри видеоҳои танқидӣ дар Интернет хабар дод.

Моҳҳои июн ва июл бошад мақомоти Тоҷикистон якбора 4  журналисти блогери шинохта: Далери Имомалӣ,  Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро ба ҳабс гирифтанд. Аз моҳи май ба ин сӯ дастикам 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон низ дар робита ба ҳодисаҳои ахир дар ин вилояти мухтор ба пушти панҷара андохта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button