ВидеоҶомеа

МОДАРИ ЯГОНА ВАКИЛИ ТОҶИКИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ РАҲИМ АЗИМОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Бимарҳамат Азимова, модари ягона вакили тоҷики Думаи давлатии Русия Раҳим Азимов, шоми 8 сентябри соли 2022 дар синни 93 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Бирмарҳамат Азимоват ба иллати пирӣ чанд вақт боз бистарӣ буд. Маросими намози ҷанозаи марҳума  рӯзи 9 сентябр, пеш аз намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи деҳаи Сурх дар канори шаҳри Исфара доир мешавад ва сипас Бимарҳамат Азимоваро дар оромгоҳи зодгоҳаш, деҳаи Найман ба хок месупоранд. Ба гуфтаи наздиконаш, ҳама мунтазири аз Маскав омадани Раҳим Азимов мебошанд.

Писари дигари марҳума Азим Азимов як муддат раиси  ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд.

Вале фарзанди аз ҳама машҳураш, албатта, Раҳим Азимов, ягона тоҷикест, ки мақоми вакили Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русияро ба даст овардааст.

Раҳим Азизбоевич Азимов 16 августи соли 1964 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аммо зодагони деҳаи Найман мегӯянд, асли Раҳим Азимов аз Найман аст ва ҳатто мактаби Найманро ба номи падари ӯ Азизбой Азимов номгузорӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, Раҳим Азимов дар Найман бунёди чандин иншоот, аз ҷумла толори варзишӣ ва варзишгоҳро ба дӯш гирифтааст ва ахиран барои мактаби Найман чанд синфи иловагӣ сохта дод..

Раҳим Азимов соли 1986 Донишкадаи маъдани шаҳри Ленинградро хатм карда,  баъди хатми таҳсил дар Русия монд.

Ӯ то соли 1991 дар кони ангишти “Воркутинская” ва сипас дар бошгоҳи варзишии “Строител”, Намояндаии ҷумҳурии Коми дар Маскав, Роснаркоконтрол, Ростехнологии ва ширкати “Уралхим” кор карда, соли 2002 Академияи дипломатии Русияро низ хатм кард ва соли 2004 дар Донишкадаи маъдани Санкт-Петербург рисолаи докториашро ҳимоят карда, унвони доктори илмҳои техникиро ба даст овард.  Раҳим Азимов чанд сол дар ин донишкада дарс ҳам медод.

Бар асоси тарҷумаи ҳоли расмиаш, Раҳим Азимов аз лиҳози ақидаи мазҳабӣ мусалмони суннӣ мебошад. Азимов дар аввали солҳои 90 дар Русия издивоҷ кардааст. Ӯву ҳамсари русаш Елена Азимова 3 фарзанд – як духтар ва ду писар доранд. Раҳим Азимов  бори аввал соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаи Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, соли 2021, дубора аз ҳавзаи Киров ва боз ҳам аз номи ҳизби “Единая Россия” ба Думаи давлатӣ, даъвати VIII интихоб шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button