ВидеоТаърихТоҷикистон

ИФТИТОҲИ РАМЗИ 121-МЕТРИИ ИСТИҚОЛ ВА ОЗОДӢ ДАР МАРКАЗИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН (3 ВИДЕО +72 АКС)

Шоми 8 сентябри соли 2022 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писари калониаш, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маркази пойтахт дар як маросими мутантан Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, 121 метр баландии Маҷмааи “Истиқлол” рамзӣ  буда, 30 метр қисми поёнии маҷмаа рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир шуда, дар рамзи “Истиқлол” тоҷ рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Ба озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” 32 лоиҳа пешниҳод гардида, лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гуруҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ таҳия  шудааст, сазовори ҷойи якум шуд.

Маҷмааи майдони “Истиқлол” аз бахшҳои алоҳида иборат буда, рамзи “Истиқлол” дар маркази боғ бино ёфтаву атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд.

Дар ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ – Ашкониён, Кушониён, Сосониён, “Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён”, “Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб”,  “Тоҷикон дар асрҳои XI – XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, “Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлолият. Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО-и “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.

Ошёнаи якуми Маҷмааи “Истиқлол” аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат  буда, дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхона аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, , дар он асосан бозёфтҳои археологие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ёфтаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Осорхонаи шаҳри Душанбе табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд, ҷой дода шудаанд. Гуфта мешавад, мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе таърихи қадима дошта, дар ҳудуди он аз давраҳои қадим ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда буд.

Дар осорхона Эмомалӣ Раҳмон бо тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ шинос шуд. Гуфта мешавад, ин тахт бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шуда, тоҷи дар болои тахт ҷойдодашуда аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро  сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 миллиметра,  ёқути кабуди диаметраш 15 миллиметр, тилло ва тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметра зинат медиҳанд. Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фарр, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар як риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.

Аз ду тарафи тахт грифҳо ё худ шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгир аст, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Бояд гуфт, ки тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат байни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбини бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст.

Атрофи онро ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри  қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Хулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё –  бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудааст.

Яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар баландии 94 метр ҷойгир  шудааст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм (телескоп) мебошад.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, дар Майдони “Истиқлол” беш аз 200 нафар аз шаҳрвандон, аксаран занон, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ин иншооти муҳташам аз Маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.

Дарвозаи марказии майдон, ки 43,8 метр дарозӣ, 9 метр паҳноӣ ва 32,67 метр баландӣ дорад, бо истифода аз масолеҳи баландсифат бунёд шуда, дар қисмати хиёбони Рӯдакӣ воқеъ мебошад.

Дар Майдони “Истиқлол” т дар давоми ду сол дар ин майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шуд. Халамоти матбуоти президент гуфт, “мавриди зикри хос аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсан аксари дарахтони нодирро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд. Ин дарахтон бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар гушаҳои гуногуни майдони Истиқлол шинонида шудааст”. Бино ба таъкиди хадамоти матбуоти президент, “тарҳи лоиҳаи бунёди ин мавзеъи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи тамоми меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст”.

Баъди ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол” Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ кард ва сипас ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ва раҳпаймоиҳо бо иштироки беш аз 30 000 нафар доир шуд. Хадамоти матбуоти президент гуфт, “дар чорабинии бошукуҳи идона аз ҷониби аҳли ҳунар сурудҳои тараннумкунандаи зебогиҳои диёри бостонӣ, шукуҳу шаҳомати Ватани азиз, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, васфи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва хислатҳои башардӯстии Пешвои муаззами миллат пешкаш карда шуд”.

Ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе  08.09.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button