ВидеоНуқтаи назарФарҳанг

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ РЭПСАРОИ ТОҶИК РАЛИК БАРОИ “ИТОАТ НАКАРДАН БА МИЛИТСИЯ” (ВИДЕО)

Рэпсарои ҷавони тоҷик Рамазон Муродов, мутахаллис ба Ралик, ки 24 сол дорад, бо ҷурми “итоат накардан ба кормандони милитсия” барои 10 шабонарӯз ҳабс карда шудааст.

Наздикони Ралик гуфтаанд, ки ӯро рӯзи 5 сентябри соли 2022 дар назди хонаашон дар ноҳияи Шоҳмансур дар пайи як баҳси лафзӣ бо кормандони милитсия дастгир карданд.

Моҳира Муродова, модари Ралик ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки кормандони милитсия либоси мулкӣ дар тан доштанд ва Ралик одамони ношиносро дар даромадгоҳи бино дида, аз онҳо киву чӣ буданашонро пурсуҷӯ кардааст ва дар ин замина ба онҳо вориди баҳс шудааст.

Кормандони милитсия гуфтаанд, ки Ралик бо ин баҳсаш ба кори онҳо халал расондааст.

Тафсилоти дигари ин қазия ва назари худи Ралик дастрас нест.

Ралик асосан дар мавзӯъҳои ишқӣ ва мушкилоти ҷавонони тоҷик дар сабки рэп тарона месарояд. Канали ӯ дар Ютуб RaLiK Official 355 ҳазор обуначӣ дорад ва бархе таронаҳояш аз 2 то наздики 4 миллион тамошобин ҷамъ овардаанд.

 Чанде пеш Усмон, як блогер ва рэпсарои шинохтаи тоҷик низ хабар дода буд, ки ӯро барои баҳс бо як блогер 10 шабонарӯз ҳабс карданд. Ҳамин тавр, сардори милитсияи шаҳри Норак ахиран аз боздошти як блогери маҳаллӣ баъди нашри видеоҳои танқидӣ дар Интернет хабар дод.

Ин нахустин мавриди боздошти рэпсароҳову блогерҳо дар Тоҷикистон дар вақтҳои охир нест.

Моҳҳои июн ва июл бошад мақомоти Тоҷикистон якбора 4  журналисти блогери шинохта: Далери Имомалӣ,  Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро ба ҳабс гирифтанд. Аз моҳи май ба ин сӯ дастикам 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон низ дар робита ба ҳодисаҳои ахир дар ин вилояти мухтор ба пушти панҷара андохта шудаанд.

Моҳҳои июн ва июл бошад мақомоти Тоҷикистон якбора 4  журналисти блогери шинохта: Далери Имомалӣ,  Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро ба ҳабс гирифтанд. Аз моҳи май ба ин сӯ дастикам 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон низ дар робита ба ҳодисаҳои ахир дар ин вилояти мухтор ба пушти панҷара андохта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button