ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” БОЗ ЯК ҲАВОПАЙМОИ “БОИНГ” ОВАРД ВА ОНРО БА НОМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ГУЗОШТ

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 8-уми сентябри соли 2022 инак дуюмин ҳавопаймои  Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд, шумораи ҳавопаймоҳои худро ба 6 расонд. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом класс иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст.

 Санаи 7 сентябр ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои Боинг 737-800-ро муаррифӣ кард. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ҳайати Боинг, ширкатҳои сайёҳӣ, шарикон ва васоити ахбори омма баргузор гардид. 

Роҳбари ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳавопаймоҳои гирифташуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо – зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, ҳамчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мусоидат хоҳад кард: – “Боиси хушнудист, ки қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Бешубҳа, ҳавопаймоҳои мазкур ба васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, инчунин қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мусофирон боис мегарданд. Миннатдорем аз ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ ва итминон дорем, ки муносибатҳои шарикии мо минбаъд боз ҳам таҳкиму тақвият меёбанд”.

 Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ рӯзи 7 сентябр бо нашри акси сафири Амрико дар кабинаи халабонҳои ҳавопаймои нав “Сомон Эйр”–ро бо шомил намудани ду ҳавопаймои Боинг 737-800s ба парки ҳавопаймоии худ табрик кард ва навишт, “ин ҳавопаймоҳо ба мардум имконияти парвоз ба мавзеҳои нав, бо роҳат ва услуб пешниҳод мекунанд”.

https://www.facebook.com/photo?fbid=453432773497778&set=a.252905993550458

Ин алакай дуюмин ҳавопаймоест, ки “Сомон Эйр” рӯзҳои ахир ворид мекунад. Ширкати ҳавопаймоӣ санаи 30-юми августи соли 2022 як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд. Ҳавопаймо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро гирифт. 

Ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ – ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад – ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

 Aviation Capital Group соли 1989 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешбари ҷаҳон дар самти идораи дороиҳои авиатсионӣ бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо мебошад. Ба ҳолати 30.06.2022 Aviation Capital Group молики 475 адад ҳавопаймо мебошад, ки ба 85 ширкати ҳавопаймоии 45 давлати дунё ба иҷора дода шудаанд. ACG ширкати фаръии Tokyo Century Corporation мебошад.

 Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом дода, дар айни замон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳо самти Хитой ва роҳандозии парвозҳои мунтазам самти Арабистони Саудӣ чораандешӣ менамояд. Бехатарии парвозҳо аз афзалиятҳои ширкат буда, фаъолияти он ба қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқолоти ҳавоӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст.

“Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон аст. Ширкати милли ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба далели мушкилоти молиявиаш инак беш аз 3 сол боз  парвоз анҷом дода наметавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button