ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

КОРВОНИ ЁРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПОКИСТОН БА РОҲ БАРОМАД (2 АКС)

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри 2 акс хабар дод, ки рӯзи 7 сентябри соли 2022 корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон  барои мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон аз майдони «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе ба роҳ баромад. Дар маросими гусели корвони башардӯстона намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатии ҳукумати Тоҷикистон, сафорати Покистон дар Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок  доштанд.

Рӯзи 6 сентябр Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани кумаки башардӯстона барои Покистон қарор қабул кард.

Ин кумакҳо аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат буда, вазни умумии кумакҳо беш аз 3000 тонна ва маблағаш 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, муодили қариб 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “иқдоми зикршуда нишондиҳандаи сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад”.

Тоҷикистон то кунун асосан худаш аз кишварҳои дигар ёриҳои башардӯстона дарёфт мекард ва хеле кам воқеъ шудааст, ки ба кишварҳои дигар ёрии башардӯстона бифиристад.

Бар асари обхезиҳои як моҳи охир дар Покистон дастикам 1265 нафар ҷон бохта, 33 миллион аз аҳолии ин кишвар зарар диданд. Ҳамчунин, бар асари офатҳои табиӣ дар Покистон беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button