ВидеоҶомеа

29 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ РУСТАБОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ҚАСДИ ТАҶОВУЗ ВА КУШТОРИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокини рустабори пойтахти Тоҷикистон Владимир Шерстнёвро бо ҷурми қасди таҷовуз ба номус ва куштори бераҳмонаи як духтари ноболиғи зери синни 14 ба 29 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳ Шерстнёвро бар асоси моддаҳои 32 қисми 3-138, қисми3, банди “а” (сӯиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни  чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104, қисми 2, банди “в” (куштори шахси баръало ноболиғ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  7 сентябри соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт:

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Шерстнёв Владимир Илйич, аввалҳои моҳи феврали соли 2022 бо хурдсол Ғоибназарова Марҳабо Маъруфжоновна, санаи таваллудаш 27 июни соли 2008, шиносоӣ пайдо намуда, бинобар ҷойи зист надоштанаш, ӯро бо модараш муваққатан дар манзили худ, ки бо волидонаш истиқомат мекард, ҷой мекунад.

Сипас ӯ субҳи 28 феврали соли 2022, тахминан соати 08:00 4 адад шишачаи маҳлули спирти 70 %-ро нӯшида, хурдсол Ғоибназарова М. М.- ро гӯё бо мақсади  ба вай кумак расондан бо худ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Юсупов Ҷаҳонгир Юсупович, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи А. Қаҳҳоров, бинои 149, ки дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, мебарад.

Дар рафти иҷрои корҳои таъмирӣ боз 2 адад шишачаи спирти 70- %-ро истеъмол карда, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ тахминан соати 12:00  ба назди ноболиғ Ғоибназарова М. М., ки дар дигар ҳуҷра истироҳат мекард, омада, пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро мекунад.

Ғоибназарова М.М. ба ӯ ҷавоби рад медиҳад, вале Шерстнёв В.И. ором нашуда, боз 2 адад спирти 70 %- ро нӯшида, дар ҳолати мастӣ, бо истифодаи зӯроварӣ қасди таҷовуз ба номуси хурдсол Ғоибназарова М.М.-ро менамояд.

Бинобар муқобилияти зиёд нишон додани Ғоибназарова М. М. ин амалашро Шерстнёв В.И. то ба охир ба анҷом расонида натавониста, ба ғазаб омада, дар ботинаш қасдӣ аз ҳаёт маҳрум кардани номбурда ба вуҷуд омада, бо мақсади содир намудани куштор, дастони ӯро бо пой ва дасташ дошта, бо дасти чапаш ноболиғ Ғоибназарова М.М.-ро буғӣ карда, ба қатл мерасонад.

Баъдан либосҳои аз танаи марҳум Ғобиназарова М.М.-ро кашидаро бо худ гирифта, ҷасадро дар зери кӯрпачаҳо  пинҳон намуда, дари хонаро маҳкам карда, ба самти корхонаи сабзазоркунӣ рафта, либосҳои марҳумро дар онҷо партофтааст. Худаш бошад дигар ба ин манзил нарафтааст…

ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади Ғоибназароваро танҳо баъди 10 рӯз, рӯзи 9 март пайдо кардаанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи таҷовуз ба номус ва қатли ноболиғон зиёд ба даст мерасад. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 16 ҳолати таҷовуз ба номс сабт шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button