ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

АҚДИ НИКОҲИ МАНИЖА НИКОҲИ МАНИЖА ВА ЛАДО КВАТАНИЯ ДАР КАНОРИ МАСКАВ (3 АКС)

Овозхони машҳури тоҷику рус  Манижа шоми 6 сентябри соли 2022 ба коргардон Ладо Кватания ба шавҳар баромад. Дар ин бора бо нашри чанд акси ихтисосӣаз маросими ақди никоҳи онҳо журналисти рус Ксения Собчак дар Telegram-каналаш хабар дод. Манижа дар ин аксҳо бо либоси арӯсӣ дида мешавад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Николиная Гора, деҳаи дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Маскав доир шудааст.

Манижа 31 сол дошта, дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 ба намояндагӣ аз Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок кард ва дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро гирифт.

Ксения Собчак дар гузориши мустақимаш аз маросими ақди никоҳ навиштааст, ки Манижа ва Кватания дар Николиная Гора ба ангуштони ҳамдигар ангуштарин андохтанд.

Ӯ бо орзуи хушбахтии бузург ба ҷуфти ҷавон навишт: “Маросим анҷом ёфт, муҳрҳо зада буданд, ишқ пирӯз мешавад!”

Давоми рӯзи 6 сентябр худи Манижа низ дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоиро аксҳоеро аз маросими ақди никоҳи худ нашр кард:

Манижа моҳи ноябри соли 2021 хабар дод, ки аз марди дӯстдоштааш пешниҳоди издивоҷ гирифтааст ва ба шавҳар мебарояд. “Ман гуфтам, ки ҳа”, — навиштааст Манижа бо нашри аксе, ки дар он  дар ангушташ ангуштарини никоҳӣ андохтааст.

Ладо Кватания муаллифи консепсияи шунарнамоии Манижа дар “Евровидение” бо таронаи “Russian Woman”  буд ва барои дастгирии овозхон ба Ҳолланд ҳам омада буд. Манижа дар озмуни “Евровидение”  соҳиби ҷои 9-ум шуда буд  ва мегуфт, бо ин дастовардаш ифтихор мекунад.

Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Манижа се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид. Манижа дар Маскав дар мактаби миёна муддате дарси фортепиано хонд ва баъдан риштаи равоншиносии РГГУ-ро хатм кард.

Манижа соли 2007 бо тахаллуси Ру.Кола ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва таронаи аввалинаш юо ном «Пренебрегаю» овозхони он замони навраси зодаи Тоҷикистонро дар саросари Русия машҳур кард. Соли 2008 Манижа нахустин албомашро бо ҳамин номи «Пренебрегаю» ба бозор даровард.

Манижа баъди чанде аз тарҳи Ру.Кола хориҷ шуд ва бо номи худаш ба ҳунарнамоӣ давом дод.

Модари Манижа – Наҷиба Усмонова аз рӯи касб равоншинос аст. Ӯ ҳоло дар Маскав ширкати дизайни либос бо номи «Modardesigns»-ро мечархонад ва либосҳои Манижа барои иштирок дар консерту клипҳоро низ модараш медӯзад.

Падари Манижа Далер Ҳамроев табиб буда, аз модараш ҷудо шудааст. Манижа 5 бародару хоҳар дорад. Яке аз хоҳарони ӯ – Мӯниса Усмонова хабарнигори шабакаи якуми телевизионии Русия (Первый канал) мебошад.

Интихоби Манижа  ба ҳайси намояндаи Русия дар озмуни “Евровидение” соли гузашта дар он кишвар мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд оварда буд. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд. Манижа Сангин дар посух гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ  ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Он вақт ҳатто президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз Манижа пуштибонӣ кард ва гуфт, “Манижаро бинед, ҳамаро саргардон кардааст. Бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Манижа ситоиш кард, ки ҳамеша ба тоҷик ва аз Тоҷикистон будани худ таъкид мекунад: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”

Ақди никоҳи Манижа дар рӯзҳое доир шуд, ки ин овозхони тоҷиктабор барои мавқеи мухолифаташ ба ҷанги Русия дар Украина ба мавҷи навбатии бадбиниҳо дар Русия дучор шудааст. Моҳи июн ин бадбиниҳо боис шуд, ки масъулони ҷашнвораи “Стереолето” дар Петербург номи ӯро аз рӯйхатти иштирокчиён бигиранд. Ҳоло бадбинон талаб доранд, то Манижаро ба ҷшнвораи сурудҳои казакҳо, ки охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр дар Кубан доир мешавад, роҳ надиҳанд, Вале масъулони ин ҷашнвора гуфтанд, ки қасди аз ҳаққи иштирок дар ин ҷашнвора маҳрум  кардани Манижаро надоранд.

Рӯзи 9 октябр Манижа дар зодгоҳаш – шаҳри Душанбе консерт барпо мекунад. Ин консерт таҳти унвони “Шаҳри Хуршед” дар “Кохи Сурӯш” доир мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button